​УСТОД – ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ: РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ БО ШУКӮҲИ ХОС ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Бахшида ба Рӯзи омӯзгор дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёди устодону донишҷӯёни Донишгоҳ чорабинии идона таҳти унвони «Устод – чароғи раҳнамои зиндагӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифахон Ҷабборӣ ва Ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.


Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин чорабиниро оғоз карда, гуфт ки омӯзгор ҳидоятгари наслҳо ва поягузори фардои ҷомеа мебошад ва арҷ гузоштан ба омӯзгор ин арҷ гузоштан ба илму маърифат, инсон ва ояндаи миллат аст.

Таъкид гардид, ки таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф пайваста рушд менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорон як қатор барномаҳо ва ташаббусҳои муҳимро амалӣ намуд, ки ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, таъсиси стипендияҳо ва ҷоизаҳои президентӣ, таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ, мунтазам баланд бардоштани маоши омӯзгорон, таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф аз ҷумаи онҳо маҳсуб меёбад.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ба самъи ҳозирин расонида, қайд кард, ки дар фарҳанги миллии тоҷик омӯзгор аз қадим мақоми муқаддасу шоиста дошта, ҳамчун чароғи маърифат ва роҳнамои ҷомеа эътироф гардидааст. Аз ин хотир, ин қишри ҷомеа таҳти дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода кулли устодони Донишгоҳро ба муносибати Рӯзи омӯзгор табрик намуда, иброз дошт, ки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маориф аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, баҳри рушди он тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Сипас, барои иштироки фаъолона дар озмуни байналмилалии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”, омодасозии донишҷӯён ба сабқати забондонӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва саҳми арзанда дар тарғиби омӯзиши забонҳо, ба Раёсати Донишгоҳ аз номи Ректори Донишгоҳи байналмилилии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гулназарзода Ж. сипоснома тақдим карда шуд.

Ҳамзамон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ 7 нафар устодони Донишгоҳ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, як қатор устодону кормандони Донишгоҳ барои хизматҳои арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон, омода кардани кадрҳои соҳибтахассус, саҳми арзанда дар рушди илму маориф, дастовардҳои назарраси илмӣ, фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ, омодасозии донишҷӯён ба озмунҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаҳои сохторҳои давлатӣ ва раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд..

Сипас, филми ҳуҷҷатӣ доир ба таърихи беш аз 90-солаи Донишгоҳ ва марҳалаҳои муҳимми рушду такомули ин боргоҳи илму маърифат намоиш дода шуд. Баъдан, дар рафти чорабинии идона аз фаъолияти устодони соҳибтаҷриба навори ҷолиб пешниҳод гардид, ки умри худро барои пешрафти соҳа ва таълиму тарбияи ҷавонон бахшидаанд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта, устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса зам намуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ