“Толибон” –созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо расидааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ манфиатдор дониста мешаванд.

Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро оташфишониҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Чунин таҳдидҳо миллати тоҷикро бештар ба доми худ мекашад. Санаи 22.10.2021 шабакаи АМИТ «Ховар»-и шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки дар Афғонистон ҳаракати исломии «Толибон» мақсади бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор карданро дорад ва дар ин бора санаи 21.10.2021 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» сухан рондааст. Ба гуфтаи Президенти Федератсияи Русия 40%-и ҳайати «Толибон»-ро тоҷикон ташкил додаанд ваин барои миллати тоҷик хеле ташвишовар аст.

Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои маҳоравӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид кунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор диҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои «исломӣ»-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Ҳукумати Тоҷикистон муқобили ҳаракати «Толибон» ва дигар ташкилотҳои ифротгар буда, барои сулҳу амнияти кишвар пайваста мубориза мебарад ва зидди чунин падидаҳои номатлуб аст.

Кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ