Терроризму экстримизм ва хатарҳои он ба ҷамъият ва суботи ҷомеа

Мусаллам аст, ки терроризм эктримизм ва радикализм таҳдиди воқеӣ ба Тоҷикистони азизи мо, инчунин ба тамаддуни умумибашарӣ дошта, ҳамаи муаммо ва душвориҳои даҳсолаҳои охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар як қатор мамлакатҳои дунё аз амалҳои террористӣ ва экстримистӣ сар заданд.
Террор, яъне ситам ва фишори ҷисмонӣ, амали бераҳмона, ҷабру зӯроварӣ барои мағлуб кардани мухолифони сиёсӣ буда, мутаассифона имрӯз нисбат ба мардуми бегуноҳ, кӯдакони маъсум, пирони барҷомонда занону духтарон ва ҷовонон, умуман аҳли башар кор фармуда мешавад ва боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки “Террорист ватан, миллат ва дин надоранд”.
Онҳо умуман ақлу заковат, идроку шуури худро аз даст додаанд ва ба махлуқи бемайнаи сар, яъне манфур мубаддал гаштаанд. Ақлу фаросат ва шуури онҳоро хоҷагонаш идора мекунад, ки мақсади разилонааш дар дили мардуми осишта ва сулҳхоҳ коштани тухми тарсу ваҳм ва ҳокимият рондан аст.
Бинобар ин, имрӯз террористон дар тамоми дунё ниятҳои розилонаи худро бе рехтани хуни мардуми бегуноҳ чи дар Афғонистону Покистон, Суряиву Ироқ, Мисру Лубон ва ҳатто дар кишварҳои абарқудрати Русияву Фаронса, Амрикову Олмон амалӣ намуда истодаанд. Диққатовараш он аст, ки хоҷагони террористон аллакай тухми адоватро байни миллатҳо кошта, як халқиятро нисбат ба дигар миллат душман мегардонанд.
Вале, инсоният набояд ба амалҳои зишту риёкоронаи онҳо бовар кунад ва ҳеҷ гоҳ аз амалиёти ваҳшиёна ба ҳарос наафтад, то террористони манқуртшудаву хоҷагони хоҷагони бедилу ноинсофи онҳо ба мақсади нопоки худ бирасанд ва худро ғолиб эҳсос кунанд. Балки чунин рафторҳои ғайриинсон сабаби боз ҳам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин зуҳурот гардад.
Мутаассифона, баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое пайдо шуда истодаанд, ки мақсаду маром ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тунд равона амалӣ месозанд.
Бояд гуфт, ки ибораи террорист ва экстримизм мавҷуданд. Террорист шахсест, ки аз ҷониби ӯ ҳамин амалҳои ҷинои ба анҷом расонида мешавад.
Хулоса, терроризму экстримизм ба проблемаи зиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Бинобар ин мо, мардуми баору номус зарур аст, ки бар зидди ин падидаи номатлуб дастҷамъона мубориза бурда, баҳри тинҷиву осоиштагии истиқлолияти худро намуда, вазифадор ҳастем, ки арзишҳои муҳими давлатдориро ба наслҳои ояндаи хеш боқӣ гузорем.
Муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷик Усмонов М.