Терроризму экстремизм ва хатари он ба амният ва суботи минтақа

«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».

Эмомалӣ Раҳмон

Нооромиҳое, ки имрўз дар гўшаву канори олам руҳ медиҳанд, аксаран ба фаъолияти ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифратгаро, ташкилотҳои бадхўй, миллӣ, динӣ ва байналмилалӣ вобаста буда, оромӣ, устуворӣ ва солимии ҷомеаро натанҳо дар қаламрави кишвари алоҳида, балки дар миқёси умумиҷаҳонӣ халалдор мекунад. Имрўзҳо давлатҳои абарқудрат бо мақсади аз нав тақсим кардани дунё мубориза мебаранд.

Истилоҳи терророризм аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд (У.Пакер). Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд (И.Александер). Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.

Аммо аксарияти таҳлилгарони пайдошавии аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикареивчиён (ханҷардорон), ки дар асри 1 то милод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасониданд. Онҳо ба сифати силоҳ, ханҷар ё “сику” шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикариевчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид.

Дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикаи пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасинҳо мебошад. Тақрибан соли 1090-и милоди Ҳасан ибни Саббоҳ ҳалъаи Аламутро, ки дар дараи кӯҳии самти шимолии шаҳри Ҳамадон (воқеъ дар Эрон) ҷойгир аст, ишғол менамояд ва ба қароргоҳи худ табдил медиҳад. Аъзои ин ташкилот фаъолияти худро дар ҳудуди баҳри Миёназамин то халиҷи Форс густариш дода, дар муддати тӯлонии амалиётҳои худ шумораи зиёди халифаҳо, султонҳо, руҳониёни бонуфуз ва мансабдорони баландмақоми давлатиро ба қатл расонидаанд. Мисоли гуфтаҳо қатли сарвазири дарбори Салҷуқиён, олими машҳур Низомулмулк шуда метавонад. Бо ин амалҳои хеш ин ташкилоти террористӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони он замон тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда буд.

Дар замони муосир ин падида ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Бисёре аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ, фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳоро барҳамдиҳии давлатҳо (ҳукуматҳо)-и дунявӣ ва исломие, ки ба андешаи онҳо бо ном исломианд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд.

Аз хавфу таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷеабори он Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Аз ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар ҷумҳурӣ падидаҳои содир гардидани амалҳои террористӣ, ё ки ба он монанд амалҳои номатлуби халалдор намудани амну суботи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба вуқўъ пайвастанд. Чунончӣ, солҳои охир якчанд амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногун содир шуда, боиси нооромии ҳаёти ҷамъиятии кишвар гаштанд.

Имрўзҳо экстремизм дар қиёфаи мухталиф намоён мегардад. Шакли оддиву оммавии он экстремизми иҷтимоӣ мебошад, шакли хавфноки он – экстремизми сиёсист. Экстремизми динӣ бошад, ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам ҷанбаи хавфноки сиёсӣ дорад. Инро воқеа ва ҳодисаҳои дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рухдода собит мекунанд. Гурўҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ бо номҳои гуногун: «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Акромия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Ҳаракати толибон» ва ғайра андешаву амалҳои вайронкоронаи экстремистии хешро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Чанд соли охир дар мамлакатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик ташкилоти экстремистии ғайриқонунии ба ном Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) зуҳур намуда, ба хунрезиҳои зиёд, муҳоҷирати иҷбории аҳолии зиёд сабаб гардид. ДИИШ сараввал дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун гурўҳи созмони террористии «ал-Қоида» пайдо шуда, сипас ба сифати ташкилоти мустақил ба фаъолият пардохтааст. Фаъолияти ДИИШ собит мекунад, ки экстремизм то кадом андоза нооромӣ, марг, офату харобиро ба бор меоварад.

Ҳарчанд давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳуурии Тоҷикистон дастаҷамъона бар зиддии ин падидаҳои номатлуб мубориза бурда истодаанд, дар баробари ин ин гурўҳҳои тундгаро низ низ роҳу востаҳои нави паҳн намуудани ғояҳои худ ва ҷалб намудани шаҳрвандонро (хосатан ҷавононро) фикр карда баромаданд. Яке аз чунин воситаҳо шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Имрўз мо шоҳиди он мешавем, ки якчанд ашхос ва гурўҳҳои ифротгароӣ аз давлатҳои хориҷа истода ба воситаи ютуб, фейсбук ва ғ. нисбати давлату ҳукумат суханҳои беасосу иғвоггаронаро паҳн мекунанд. Аз ин лиҳоз тибқи қонунгузории ҶТ низ барои паҳн намудани чунин суханҳо ва наворҳо ва ҳатто қайсдан ё аз бееҳтиётӣ гузоштани лайк боиси ҷавобгарӣ мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти ҷавонони ба ин гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ шомилшуда аз сабаби бекорӣ, таҳсили кофӣ надоштан, соҳиби ягон касб намудан ва ғ. мебошад. Аз ин лиҳоз падару модаронро зарур аст, ки аз айёми хурдсолӣ фарзандони худро ба меҳнат намудан, соҳиби касб гардидан, илм омўхтан, бо варзиш машғул шуданд водор намоянд.

Дар Тоҷикистон шоимл шудани шаҳрвандон ба гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ мувофиқи Конститутсия, санадҳои зерқонунӣ манъ карда шудааст. Аз ҷумлаи дар моддаи 42-уми Констиитутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Инчунин Ҳукумати ҶТ ду стратегияро барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 таҳти унвони “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм” қабул намудаасст, ки

Стратегияҳо мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба илм омўхтан, баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, ҳувияти ммиллӣ, хештаншиносӣ, омўхтани таърихи ниёгон якчанд озмунҳоро ба роҳ мондааст. Соли 2021 аз фонди шахсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим гардидани асари безаволи “Тоҷикон”-и академик Б.Ғафуров мисоли гуфтаҳои болост. Инчунинташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурўғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъбуда ва содир намудани ҷиноят нигаронида шудааст.

Инчунин барои баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ дар ҷумҳурии мо 24 декабри ссоли 2022 “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид, ки он аз 4 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Дар охир бояд қайд кард, ки мубориза бурдан бар зидди терроризм ва ифротгароӣ вазифаи натан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балкӣ тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Бояд бетараф набошем. Ҷавононро аз хурдсолӣ дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ тарбия намоем. Чуноне, ки Пешвои миллат доимо дар баромадҳояшон ишора мекунанд: “Ҷавонон – ояндаи миллатанд”.

Шарипов М.М., номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ