Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеа
Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Тахқиқотчиëни мубориза бо терроризм ҳануз дар ибтидои карни нуздаҳ изҳор намуда буданд, ки барои ҷомеаи ҷаҳони душмани рақами як пайдо шуд. Дар раванди тадқиқотхо номи он терроризми байналмилалиро гирифт. Ин маънои онро дошт, ки терроризм чун вабо зуҳур намуда, ба хаëти одамон таҳдид менамояд. Дар карни мо терроризм "вабои асри XXI" ном гирифт, ки хатари он ба ҳаëти одамон аз коронавирус камтар намебошад.
Терроризм ва амалҳои террористи чиро ба армуғон меоранд? Хотирнишон намудан лозим меояд, ки он дар аввал тахрибро ба амал меорад, террористон манзилҳои истиқомати, идораҳои давлати, беморхонаҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиëт, тайëраҳоро тарконда несту нобуд месозанд. Ин амалҳо дар маҷмуъ ба даҳшатфикани ва тарс нигаронида шудааст. Дар ин таркишҳо, ки хеле бераҳмона аст, дар қадами аввал одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Бояд ҳамлаи террористонро 11 сентябри соли 2001 ба Маркази тиҷоратии шаҳри Нью-Йорк зикр намоем. Ин ҳамлаи террористи чаҳонро ба ларза овард, щеърро ба ҷомеаи ҷаҳони равшан гардид, ки террористон сол то сол шеваи ҳамлаҳои худро тағйир медиҳанд. Ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ дар ин ҳамлаи маргъор, ки онро ягон нафар таҳқиқотчии терроризм ба чунин тарз пешгуи карда наметавонист, ҷонҳои ширини худро аз даст доданд.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омўзиши ҳама ҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.
Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Маънои истилоҳи "террор"- даҳшат афкандану кушторро дошта, он дар пайи худ зуроварии зидди ҷамъияти, таркишҳо, куштори инфироди ва дастиҷамъи, бадқасдона заҳролуд сохтани манобеи зисту беҳдоштиро баҳри ба мақсад расидани ҳадафи шумашон-ба қудрат расиданро ифода мекунад. Террористон тавассути зӯровари ва таҳрибкори ҳокимиятро дар ин ë он гушаи чаҳон ғасб намуда, бо шаклҳои гушношуниди ғайриинсони ва ғайриахлоқи ҳукумат ташкил медиҳанд, ки он озодиҳои инсонро пурра лаҳв месозад, террористон ба инсон ягон раҳму шафқате надоранд. Онҳо ҳатто дар роҳи ба ҳадафи шуми хеш расидан, аз ҳеч намуди ҷиноят даст намекашанд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.
Агар ба табиати терроризми имрузаи ҷаҳон амиқан бингарем, терроризми дини-экстремистии исломи бештар фаъол буда, онҳо дини мубини исломро чун сипар истифода мекунанд, ҳол он ки дини ислом ба терроризм ва дигар ҳаракатҳои ба терроризм хосу монанд ҳеҷ робитае надошта, ҳатто онро маҳкум менамояд. Чуноне ки Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон иброз медоранд, террористон дину мазҳаб, миллат ва ватан надоранд. Террористоне, ки бо ном барои "ислом мубориза мебаранду ҷиҳодро фарз медонанд" аз синни хурдсоли ва навраси дар пойгоҳҳои махсус тарбия ëфта, аслан онҳо мағзшустаанд, бесавод бузург мешаванд, аз чаҳони модди ва маънави ҳеҷ огоҳие надоранд.
Вакте мо ба таърихи терроризм ва пайдоиши он ошно мешавем, мебинем, ки террористон ба як халқу нажод ва дин тааллуқ надоранд. Тибқи маълумоти таърихи, террору терроризм аввалан ду ҳазор сол муқаддам дар Рими кадим падид омада, сипас дар як қисм кишварҳои аврупои чун "гаҳвораи демократия" ва "тахаммулпазири" пазируфта мешавад. Сипас дар Яҳудо -Исроили имрӯза ҷиноҳи сикари- sicari ("ханҷар") -ҷунбиши дини ва сиëсии иëлотҳо таъсис ëфта, зидди саркардаҳои Рим ва яҳудиëни ҳоким суиқасд анҷом медоданд. Терроризм дар оғози пайдоиши худ даҳшатбор буд. Масалан, террорист дар бозори шаҳр, аз миëни издиҳом берун омада, дар тудаи издиҳом аз зери ҷома ханҷар мекашид, унсардона гулуи як легионери руми ë яҳудии барои хиëнат маҳкумшударо бурида, боз миëни мардум пинҳон мешуд. Ин, албатта, байни ҳокимон тарсу даҳшатро ба вуҷуд меовард.
Охири солҳои 90-уми асри XIX терроризми исломи ташаккул ëфта, ҳадафи чиҳодро алайҳи куффор таҳия намуд. Акнун "мутафаккирон"-и ташнаи хун терроризмро чун унсури ҷанги " муқаддас" бар зидди кофирон маънидод карда, ҳатто амали гаштани террорро дар вақту муҳлати муайяншуда нишон медоданд. Муҳаққиқи терроризми байналмилали Дрейк дар китоби худ "Тасаввуф ва терроризми инқилоби" хотирнишон месозад, ки террористонро дар иҷрои амалҳои террористи хамфикри муттаҳид месозад. Онҳо таркишҳо ва тарғиботро ба роҳ монда, вокеияти иҷтимоиро ба ҳадди ифрот тафсир мекунанд. Ба ақидаи ин таҳқиқотчи назарияҳои марксисти, экстремистии чапгаро, фашизм, миллатчиги дар Аврупо терроризмро ба вуҷуд овард.
Мутахассисон ба ин назаранд, ки теъдоди зарардидагони амалҳои террористи аз дигар намудҳои техногени ва табии-садамаҳо, заминоарза, бемори бештар асту кам не. Иловатан терроризм ба ҳар ҷомеа ва давлат бесуботи ва тарсу даҳшати зиëдеро меорад. Пешгирии терроризм вобаста аст ба дониши сиëсии мардум, бахусус ҷавонон, ки онҳо зери назари созмонҳои террористи қарор доранд. Мо бояд ҷавононро аз овони наврасиву ҷавони дар руҳияи зидди террористи тарбия намоем. Бо мисолҳо нишон диҳем, ки ваъдаҳои онҳо дуруғу бепоя буда, ҳадафи онҳо афзоиш додани сафи террористон мебошад. Барои созмонҳои террористи муҳим нест, ки ҷавонон босавод бошанд, муҳим он аст, ки мағзи онҳоро шуста, баъдан онҳоро дар иҷрои амалҳои террористи равона созанд. Далелҳое вуҷуд доранд, ки аксари чавононе, ки ба сафи созмонҳои террористи шомил мешаванд, дер ë зуд аз ҳаëт маҳрум мешаванд.
Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намуда, обод созем ва Парчами ваҳдати миллиро хамеша баланд бардорем.
Муаллими калони кафедраи назария ва амалия забони англисӣ Қобилова Фариза