​ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ­­­- ВАБОИ АСРИ НАВИН

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб ва ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Мафҳуми экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст ва экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, яъне дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм бошад, сиёсатест, ки ба истифодаи мунтазами терроризм асос ёфтааст. Истилоҳ хеле сиёсӣ шудааст ва сиёсатмадорон мунтазам аз он сӯйистифода мекунанд. Синонимҳои вожаи “террор” (аз калимаи лотинии terror – “тарс”, “даҳшат”) вожаҳои “зӯроварӣ”, “тарсонданӣ”, “тарсондан” мебошанд. Ин вожа пас аз «давраи террор» дар давраи Инқилоби Фаронса дар давлату кишварҳои гуногун паҳн шуд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди он, ки дар партави сиёсати дурандешонаи роҳбарияти кишвар ва пуштибонии мардум сулҳу субот дар Тоҷикистон таъмин аст, вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам боиси нигаронӣ мебошад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки фарҳанг, забон, расму оин ва арзишҳои миллиамонро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифз намоем.

Терроризм ва экстремизм амалҳои хушунатомез ва ваҳшатофарин мебошанд ва хостори ин ҳастанд, ки афкори хориҷиро дар ҷомеаи мавриди назар тағйир диҳанд.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Дар давраи ҳозира, мутаассифона, дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошанд.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил, яъне бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфии ҷомеа бетараф нест. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқеан, таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳоли ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Бо дарназардошти он, ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад.

Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд, бехавф бошанд. Моро зарур аст, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли хеш дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ муттаҳид бошем.

Марям Абдуллоева,

муаллими калони кафедраи грамматикаи

забони арабии факултети забонҳои шарқи

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ