​Терроризм ва экстремизм – дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардиданд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-январи соли 2015 изҳор дошта буданд, «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Бинобар ин, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омода боши ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Вазъияти ҷаҳони имрўза боло бардории фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот ва амнияти кишвар водор месозад, ки ин метавонад барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро таъмин намояд.

Хатарнокии чунин ташкилотҳои экстремистиро, ки якка ва сарҷамона мешаванд инкор кардан, номумкин аст. Чуноне ки воқеаҳои охирини фоҷиавии Бостон (ИМА), Осло (Норвегия), Лондон (Англия), Сидней (Австралия), Париж (Франсия) нишон медиҳанд, экстремистони якка хатари нисбатан калон доранд. Дар мусоҳибаи худ ба CNNҳанўз 16 августи соли 2011 Барак Обама эътироф карда буд, ки таҳдиди бештарро барои иҷрои амали террористӣ дар марзи ИМА нисбат ба ташкилоти террористӣ «гургиякка» дорад.

Рушд ваарзоншавии технологияҳо ба шахсони алоҳида ва гурўҳҳои хурд он имкониятҳоеро медиҳад, ки пештар хаёлӣ вонамуд мешуданд. Тамоилҳои ташвишовари дастрасӣ ба технологияҳоро соли 2008 муҳаққиқони маъруфи масъалаҳои бехатарӣ Барри Бузанва Лене Хансен қайд карда буданд. Ба назари онҳо на танҳо бештар яроқи ядроӣ дастрас аст. Фардҳо метавонанд бемамониат ва хароҷот вирусҳои биологӣ ва компутериро созанд ва паҳн намоянд. Паҳншавии технологияҳои вайронкунандаи дар болои шора шуда бебозгашт аст. Ба фикри Б.Бузан ва Л.Хансен вай метавонад ба рушди минбаъдаи демократия ва идоракунии ҷамъият таъсири ҷиддӣ расонад.

Чӣ тавре ки Д.А.Нечитайло нишон медиҳад, исломистони радикалӣ ҳанўз соли 2005 таклиф карда буданд, ки услуби «фарди кунонии ҷиҳод» истифода бурда шавад, ки мутобиқи он террористон ва гурўҳҳои хурд бо якдигар ба ғайр аз мақсади умумӣ ягон хел алоқа карда наметавонанд.

Тайёр намудани ин гунна террористон на дар лагерҳо, балки аз тарафи худи онҳо дар натиҷаи худомўзӣ амалӣ карда мешавад. Чунин худомўзиро бо истифодаи технологияҳои муосири компутерӣ ва дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернет ба даст овардан мумкин аст.

Террористони яккакор метавонанд Интернетро барои гирифтани маълумот дар бораи объектҳои хатарнок, тарзи тайёр кардани маводҳои тарканда, моддаҳои заҳролудкунанда, истифодаи онҳо, дар бораи чорабиниҳо бо иштироки одамони бисёр истифода баранд. Илова бар ин, тасаввуроти экстремистии онҳо метавонад аз ҳисобои тамошои маводҳои хусусияти экстремистӣ дошта, ки дар Интернет гузошта шудааст, ташаккул ёбад.

Дар муоширати глобалии Интернет майдонҳои дискурсивӣ ташкил меёбанд, ки онҳо дар ташаккули масъалаи дар боло зикр шуда, яъне тасаввуроти экстремист кўмак мерасонад.

Дар ИМА хатарнокии фаъолияти экстремистони якка фаъолиятро, ки мулоҳизаҳои радикалии худро дар Афғонистон ва ё Покистон кор кард намудаанд, мефаҳманд. Ин масъала дар Стратегияи миллии бехатарии ИМА аз соли 2010 қайд карда шудааст.

Ҳамчунин хатарнокии аз ҷониби террористон истифода шудани ки бер-муҳитҳо эътироф карда мешавад. Аммо чунин хатарнокӣ то имрўз ҳамчун ки бер-терроризм, масалан воридшавӣ ба шабакаҳои ахборотии муассисаҳои молиявӣ, энергетикӣ, ҳукуматии амрикоӣ бо мақсади вайрон кардани кори онҳо фаҳмида мешавад.

Шабакаҳои ахборотии ИМА захираи миллии стратегӣ буда, ба ҳимоя мўҳтоҷ аст. Бар замми ин, худи ахборот боигарии миллӣ муайян карда мешавад. Моҳи декабри соли 2012 Стратегияи Миллии паҳнкунӣ ва ҳимояи ахборот интишор гардид. Дар он дар бораи зарурати назорати давлатӣ аз болои ахборот, ки бояд боигарии миллӣ ҳисобшуда, танҳо барои истифода барандогони ба қайд гирифташуда дастрас аст, сухан меравад. Дар як вақт ахборот бояд аз дастрасии бегона муҳофизат карда шавад.

Аҳамияти Интернет дар мубориза бо терроризм дар ҳуҷҷатҳои стратегии байналмилалӣ инъикос ёфтаанд. Масалан, нақшаи амалиёти Стратегияи глобалии зидди террористии СММ (моддаиII, параграфи 12, пункти б) дар бораи зарурияти омўзиши роҳҳо ва тарзи истифодаи Интернет барои муқобилият ба терроризм нақл мекунад.

Дар ИМА дар мубориза бо терроризм баъди 11 сентябри соли 2001 амалан ба муқобили Ал-қоида нигаронида шуда буд. Дар Стратегияи бехатарии миллии ИМА аз соли 2010 ошкоро гуфта мешавад: «Мо ба муқобили терроризм чун тактика ё зидди ислом чун дин ҷанг намекунем. Мо ҷангро зидди ташкилоти мушаххас – Ал-қоида мебарем». Ин ҷумлаҳоро ҳамчунин Стратегияи миллии зидди террористии ИМА, ки Қасри Сафед 28 июли соли 2011 интишор намудааст, такрор мекунад.

Проблемаи мубориза бо ташкилотҳои террористӣ ва паҳншавии экстремизм дар Интернет аз ҷониби муҳаққиқони дохилию хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Давомёбии паҳншавӣ ва арзоншавии технологияҳои ахборотӣ аҳамияти муборизаро бо террористони якка фаъолият ва гурўҳҳои хурд боло мебардорад. Экстремизм дар форумҳо, блогҳо, тавзеҳоти истифодабарандагони шабакаи глобалӣ ташвиқ ва паҳн карда мешавад.

Бар замми коркарди усулҳои мушаххаси аксуламал ба паҳншавии экстремизм дар Интернет бояд фаҳмид, ки тасаввуроти экстремистӣ дар кадом муҳит кор карда, паҳн мегарданд.

Умуман, дар шароити имрўза кўшишҳои аҳли ҷамъияти умумиҷаҳонӣ дар доираи муқобилият ба терроризм пеш аз ҳама ба муборизаи зидди созмонҳо ва ҳаракатҳои устувор нигаронида шудаанд. Зеро ин гуна созмонҳо барои расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ тарафдорони худро муттаҳид мекунанд, меомўзонанд, нақшаи амалҳои онҳоро мекашанд.

Мамадалиев И.А.

д.и.т., профессори кафедраи таърихи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ