​Терроризм ва экстремизм – ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ

Терроризм ва экстремизм, яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Воқеан, ин ду мафҳум - терроризм ва экстремизм имрӯзҳо дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор дорад. Ҳама шоҳид гардидему дидем, ки ин амалҳо чӣ гуна монеаи пешрафти кишварҳои мутараққӣ, сабаби қатли ҳазорон кӯдаки бегуноҳ ва аҳолии осуда гардидаанд. Ба ҷуз ин, бар сари ҳазорон хона харобӣ овард ва мардуми зиёде фирорӣ шуданд.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.

Ҳодисаҳои террористӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои нопоку нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Солҳои охир аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи террористӣ дар ҷаҳон тақрибан 6500 ҷиноят содир гашта, боиси марг ва нокомиҳои беш аз 1100 одам гардидааст.

Мисол фаъолияти бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ", ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Ашхосе, ки ба чунин рафтори ҷоҳилона қодиранд, миёни мардум ҳастанд ва чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу боимон пинҳон медоранд. Онҳо ба ҳама ҷо, мусофирбару қатора, киштиву ҳавопаймо, идораву корхона, кӯчаву хиёбон роҳ ёфта, ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст. Чунин чеҳраҳои манфур ба монади Кабирӣ – Кобра, Муҳаммадиқбол – Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур, Аюбзод, ва дигар нохалафоне амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номашон даҳон олуда мешавад. Онҳо дар вазъияти мушкили равонию беҳдоштӣ, ки халқи тоҷикро нигарон кардааст, канори давлату миллат наистода, баръакс шӯру ҳангома меандозанд ва аз ин кори хеш лаззат ҳам мебаранд.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогохии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Соли равон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидааст.

Аз ин рӯ дар замири ҷавонон бо баробари ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ, боз аз маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд дод.

Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Зоидова Тӯҳфа - муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ