Терроризм рӯӣдоди хавфноки ҷомеаи муосир
Ҳомидов А., Маҳмудов О., дотсентони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Ифротгароӣ ( ё худ экстремизм) дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст.
Терроризм ва пайдоиши он таърихи тӯлонӣ дорад . Раванди дуюми хурӯҷи терроризм ба охирҳои асри ХIХрост меояд. Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар қарни ХХ, ки дар таърихи ҷаҳон у насри тараққиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, “терроризми сиёсӣ” ном гирифтааст. » . [ 4, 18].
Калимаи “террор” дар забони лотинӣ бо ду маъно : “тарс”, “даҳшат” ва “воситаи дарс”, “ваҳмандозандаи ҳолат” маънидод шудааст». .[5, 24].
Ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегиранд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард.
Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мубориза ба зидди терроризм” қабул карда шуд. Ин қонун терроризм, яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин, нобуд сохтан ё таҳдиди нобудсозӣ ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.
Бо иқдоми ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани конференсияи бонуфузи байналмиллалӣ “Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ”бо иштироки намояндагони қариб 30 кишвари ҷаҳон бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут нест,балки мо мавқеи ҷидди ва устувор хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои мӯътабари байналмиллалӣ мебошад.
Дар паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонба иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалӣ таъкид шуд, ки “Терроризму экстремизм, ватан, дин, мазҳаб надорад, балкион хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист”. » . [1, 28].
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7 декабри соли 2015 дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфросни исломӣ дар шаҳри Москва дар суханронии худ таъкид намуда буд, ки “Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душманӣ худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаҳою гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо надидаҳои радикалӣ, экстримистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна исрӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломро пиёда месозанд” ». . [ 2, 3 ].
Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад.
Қайд кардан зарураст, ки тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣба шумор рафта,боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдил ё истифодаи зӯроварӣ, раонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионаи кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Тероризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёт башарият буда, оқибатба бесубодӣ ва вайронкорӣ меорад.
Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.
Бесабаб нест, ки имрӯз тероризм ва гурӯҳуҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.
Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбатба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣбетараф набошад, зуро ин вабои аср мисли тори анкабуд сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангтарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад. » [ 6, 35].
Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир,бидуни пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлонаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзишу пажӯҳишоти зарраҳои дохили атомию метагалактикаҳои олами нопайдаканорикоинот, масъалаи тероризм ваифротгароӣ ҳанӯз хатарафзо, ташвишовар ва даҳшатафканбоқӣ мемонад.
Дар робита ба ин дар назди ҷомеашиносии кишвар масъала гузоштанд, ки барои тарғиби андеша ва ғояҳои миллӣ,таҳкими масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷавони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Воқеан, дар шароити имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳириҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҷунбишҳои ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарнок дар арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегардад.Ошноӣ бо ҷаҳонбинӣ ва бунёди мафкуравӣ, инчунин усулҳои муборизаи ин гурӯҳҳо зарурати омӯзиш ва мавриди тааммул мебошанд, зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеаро метавонад, ба муаммои сарбаста рӯбарӯ карда, боиси хараҷу мараҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шавад. [ 7, 14].
Дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз – интишори фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстримести таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид, ки бесабаб нест.
Зеро чунонки таъкид гардид, дар шароити муосир тероризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва муборизи ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.
Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад, бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Тавре кимӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаимафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд. ». [3, 23].
Ифротгароӣдар асоси дин ин пайравӣ дар ақида ва амалҳои гузарои динӣ мебошад. Он аз дигар намудҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки бо роҳӣ зӯрӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва якпорчагии давлатравона карда шуда, таълимот ва рамзҳои диниро ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва истифодаи онҳо дар муборизаи оштинопазир истифода мебарад.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпушкардашудае аст, ки ба зӯран тағйир додани сохти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
Дар марҳалаи кунунӣ ифротгароии динӣ ба худ маънии васеътар пайдо кардааст. Дар зери мафҳуми ифротгароии динӣ муқаррароти устувори динӣ ё яке аз намудҳои шуури динии муосир фаҳмида мешавад. Сарфи назар аз он, ки дар заминаҳои гуногуни динӣ зуҳуроти тамоили ифротгароӣ сабабҳои гуногун дорад. Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми асри ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати “Толибон”, “Ал-қоида” ва “Ҳизб-ут-Таҳрир” мушоида карда метавонем.
Баъзан сабаби паҳншавии ифротгароӣ дар заминаи динӣ дар натиҷаи таҳаввулоти демократӣ эълон карда шудани озодии виҷдон низ ба миён меояд. Вале озодии виҷдон озодии муҳим ва пурарзиши инсон дар давлати ҳуқуқбунёди муосир мебошад. Аз тарафи иттиҳодияҳои динӣ шарҳ додани он, ки ҳар коре, ки мехоҳӣ, мекунӣ, имконият фароҳам овард, ки дар ҷомеа идеологияҳои ифротгаро ташкил ёбанд.
Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад динӣ ва ё дунявӣ, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол мекунад.
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фориғболии баъзе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода намуда, гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба муассисаҳои таълимӣ роҳ ёфта, кӯдакону ҷавонони бетаҷрибаро ба кирдорҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Мутаасифона, падару модароне ҳастанд, ки нисбати тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовут мебошанд. Баъзе падару модарон ҳатто фарзандони ноболиғи худро ғайриқонунӣ барои таҳсили хориҷи кишвар мефиристанд. Ва намедонанд, ки фарзандонашон ба ҷои таълим ба чӣ корҳо машғул мешаванд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Президентикишвар Эмомалӣ Раҳмон дарвохӯрӣ ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуд: “Рӯирост изҳор менамоям, ки баъзе аз ин муассисаҳо ҷавононро дар рӯҳияи ифротгароӣ ва экстремистӣ омода менамоянд. Бинобар ин ман ба мақомоти дахлдор супориш додам, ҷавононе, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, баргардонида шуда, дар муассисаҳои таълимии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Имрӯз қисми зиёди онҳо ба ватан баргаштанд ва дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳсил намуда истодаанд”.
Ба тасвиб расидани Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи маъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсоснамуда, дар амалӣ гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд. ».[8, 33].
Дар ҷаҳони имрӯза яке аз муаммоҳои инсонӣ ин ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Дар ин масъала ҳама мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон мубориза бурда истодаанд. Аз тарафи СММ фақат соли 2017 дар тамоми мамлакатҳои зери таъсири террористон монда 11 000 ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин ифротиҳо дини мубини Исломро ниқоб намудааст. Дини Ислом, ки яке аз динҳои муқаддастарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, террористон аз ин истифода намуда хусусан ҷавононро ба ин роҳ мебаранд. Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” чунин қайд шудааст:
- Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикос ёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.
Дар чандин Паёму баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд:
- Террорист Ватан, хона, дин, мазҳаб надорад.
Оре аз дасти ин қотилон ҳазорон одамони бегуноҳ ҳалок шуда, ба ин вабои аср ҷавононро гирифтор намуда истодаанд. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад, хоҳ динӣ ва ё дунявӣ, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунад.
Терроризм чун рӯӣдоди хавфноку мушкилпешгӯикунандаи замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин ҳисороти моддию маънавиро дар пай дошта, хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд.
Он падидаи номатлубест, ки баъзан ба он либоси сиёсӣ пӯшнида, дар натиҷаи гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа мегузоранд ва онҳо барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан, аз террор истифода карданӣ мешаванд.
Дараҷаи хатаре, ки терроризм ба ҷомеъаи муосир дорад, далелҳои раднопазир бозгӯи он аст ва кишварҳои абарқудрат бар зидди терроризм ҷонунҳо қабул менамоянд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳокимаи ин мушкилот намегузарад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир истисно нест ва сокини кишвари мо терроризмро бо ҳар шакле, ки зуҳур нанамояд, ҳамаҷониба маҳкум менамоянд.
Месазад, ки мо, омӯзгорон дар лексияҳои худ, соатҳои тарбиявӣ ба ин мавзӯи доғи рӯз ҷудо намуда, донишҷӯёнро бо моҳияти терроризм ва ифротгароӣ ва хатари он ба ҷомеаро ошно созем. Муҳимтар аз ҳама, донишҷӯён донанд, ки аз рӯӣи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамон ҷонҳои ширини худро аз даст медиҳанд. Донишҷӯёни мо боз ҳамбидонанд, ки террористон ватан, дину оин ва мазҳаб надошта, ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфиканӣ ва бо ин роҳ ба мақсади шуми худ расидан мебошад.
Адабиёт
1. Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, - 2013.
2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 7 декабри соли 2015 дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфросни исломӣ дар шаҳри Москва . Душанбе 2015.
3.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2009 .
4. Наимова М. Террор дар либоси ислом. ( Маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”, №11, ноябри соли 2018 .
5. Холова Р. Терроризм ва экстремизм: чӣ хатар доранд?. (Маҷаллаи “Масъалаҳои методикаи таълим”, №10, октябри соли 2017.
6. Тоатов.Ҳ Терроризм ва экстремизм-падидаҳои номатлуб.Хуҷанд.2017.
7. Шарипов А. Радикализм роҳ ба сӯи экстремизм ва терроризм // Омӯзгор. – 2016. – 15 апрел.
8. Нозим Нурзода. Ифротгароии динӣ ва наҳзатҳои атеистӣ омили нооромии ҷомеа // Минбари халқ. – 2016. – 21 феврал.