​Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳоиразилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Мусаллам аст, ки тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣба шумор рафта,боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдил ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионаи кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм чун вабои аср аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааства барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оташнопазир бурд.

Тероризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёт башарият буда, оқибатба бесубодӣ ва вайронкорӣ меорад. Чӣ бояд кард,киҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ғайриинсонӣ аз байн равад.

Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣба шумор рафта,боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ аст. Имрӯз аҳли ҷомеарозарур аст, ба муқобили тероризм мубоиза барад.Моро зарур аст,ки маърифати ҳуқуқии насли наврас хизмат кунем . Ба шогирдони худ то чӣ андоза хатарнок будани ин паидаҳои номатлубро муайян намоем.

Бесабаб нест, ки имрӯз тероризм ва гурӯҳуҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбатба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣбетараф набошад, зуро ин вабои аср мисли тори анкабуд сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангтарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Қайд кардан зарур аст, ки тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣба шумор рафта,боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионаи кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Тероризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёт башарият буда, оқибатба бесубодӣ ва вайронкорӣ меорад.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Дар робита ба ин дар назди ҷомеашиносии кишвар масъала гузоштанд, ки барои тарғиби андеша ва ғояҳои миллӣ,таҳкими масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар шароити муосир тероризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва муборизи ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.

Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад, бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Бояд тазаккур кард, ки дар руҳияи шогирдон бедор кардани зиракии сиёсӣ буда дар назди худ вазифа мегузорем, ки барои баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ҷавонон роҳбаладӣ намоем. Мазмун ва мундариҷаи ғояҳои хатарноки равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористидоштароба доираи васеи хонандагон, махсусан ҷавонон, дастрас намуда, собит созем, ки ғояҳои равияҳои мазкур барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда,пайравӣ ба он оқибатҳои сангини иҷтимоӣ ба бор меорад. Замон ба марҳилаи наву ҳассос ва таърихию сарнавиштсоз ворид шуда, ва акнун метавон гуфт, башарият ба вартаи хатарноку даҳшатборе омада расидааст. Гӯё ҳама дар чор гӯшаи олам роҳи берунрафт аз ин бунбастро меҷӯяд, аммо вазъ печидатар шудан дораду роҳи раҳоӣ аз бӯҳронто ҳанӯз пайдо нест.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ба хулоса оем, ки амалҳои анҷомдадаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад.

Дуюм, ифротгароии динӣ ин як навъ кӯшиши аз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногунҷабҳаест, ки зӯран ғасб намудани ҳокимият, барангехтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф,халалдор кардани сулҳу субот ва якпорчагии давлатҳо равона шудааст.

Сеюм, ҳеҷ гоҳ таассуб ва ақидаҳои мухталиф инсонҳоро ба ваҳдат ва сулҳ оварда наметавонанд.

Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Омилҳои асосӣ аз ҷумла, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқи динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайра ба шумор мераванд.

Дар робита ба ин, барои пешгирии зуҳуроти экстремистӣва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсияи корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат мусоидат менамод, маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, рушди сиёсии давлатии мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоии сиёсӣ, ҳамоҳангсозии нерӯи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи марказонидашуда оид ба тамоми фаъолият барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад.

Баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣки он яке аз неъматҳои пурарзиши мардуми Тоҷикистон аст,озодии дину имон ва таҳқиқу таҳлили масоили марбуд ба эътиқоду мазҳаб барои олимону муҳаққиқони соҳафароҳам омад.

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори дигар имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни кӯҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто рақибони миллати модар ин кораш оҷизанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад. Албатта, дастовардҳои, ки мо имрӯзаз баракати мустақилият ба даст овардем бароямон осон даст наомадааст.

Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткорӣ миллати худамонро истифода бурданду доранд ва мебаранд. Муҳаққиқон ва коршиносон ба ин назаранд, зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, лаҳшатафканӣ дар маҳрумияти фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, кишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мегарданд вадар натиҷа миёни ҷомеа бахусус осебпазирӣ иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ, истибдод ва хушунат тавлид мекунанд. Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳарқадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши хадамоти ҷосуси афродродар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд.

Ҳошимова Ш.Ф., дотсенти

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров;

Абдуллоева Н. муаллимаи кафедраи

методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ