Тероризм ва экстримизм зуҳуроти номатлуб

Дар замони муосир, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии “экстремизм ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст”.Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон мегӯянд: “Тероризм ва экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист”. Имрӯз мо ки дар асри 21 зиндагонӣ мекунем, тероризм ҳамчун вабои аср мебошад ва тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои терористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башриро халалдор менамояд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.
Ҳамчунин,гурӯҳҳои ифротгаро дар тасавуроти ҷавонони тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фонатизм ва экстремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷовонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои терористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад.
Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифаи амалҳои террористӣ буда, онро куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳруммесозад, ҳеҷ гоҳ муаллимон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд.
Дар суханронии доимии худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзуи калидӣ баррасӣ менамоянд.
Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки “дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳовазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Мубориза бо терроризммақсади мардумисайёрагардидааст ва имрўзҳо ҳамагон, аз ҷумла мардуми шарифи тоҷик кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки домани ин падидаи хатарнок васеънагардад. Агар мақсаду нияти«наҳзатиён» низ мубориза бо терроризм бошад, илтимос аз рўиодоби одаму одамгарӣ, бериёву бекинаву бетўҳмат ва рўиросту мардона боядфаъолият намоянд.
Имрўзҳо дар Тоҷикистонкулли шароит барои гузаронидани анҷуманҳои сатҳои гуногун фароҳам оварда шудаанд. Корҳои бошукуҳушаҳомат барои қабули меҳмонон омодаанд. Бинобар ин хуб мебуддаъвату баргузории анљуманҳоро дар Тоҷикистон доир намоянду бароибаъзе«ҳангомаҷўён» объектитаҳлилубаррасӣқарор нагиранд.
Пешвои миллат, Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ, Президентикишвар Эмомалӣ Раҳмонборҳо таъкидмесозанд, ки ояндаиТоҷикистон азкўшишу ғайрат, илмудониш, маҳорату малакаи кордониву забонӣ ва сатҳи тахсуссусии ҷавононвобастагии калон дорад.Ибораихелебоэътимоди ин марди сарнавиштсоз«Факат мард метавонад, гуноҳи дигареро бахшад» борҳо исботи худро ёфта, дақиқиву амиқиаш боиси дар ҳайрат монондани бисёр«доноён» гаштааст.
Мо омўзгоронумед дорем, ки ҷавонони даврони наваз пайи хонишу гирифтани донишмешаванду, ба андешаҳои ботили баъзе«муллоён» бовар намекунанд, фирефта намешавандубо донишҳоимуосирмусаллаҳ мешаванд, техникаву технологияҳои замони муосирро меомўзанд,бештар ба китобҳои бадеиву илмӣ рў меоранд, ба модарону хоҳарону ҳамсарону ҳамсабақони хеш бо чашми шафқат (на нафрату шаҳват) назар мекунандва мавқеихудро дар ин замонаи хелеҳассосупурталотуммеёбанд.Мегўянд ки«аввал пурсишу баъд кӯшиш». Доимо шукронаи ободии ватан дорем! Пайрави кори Пешвои муаззами худ ҳастем!
Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Раҷабова З.Б. муаллимаи
кафедраи педагогика ва
психологияи томактабӣ