​Таваҷҷуҳ ба таҳкими сифати таҷрибаомӯзӣ

Донишҷӯёни бахши панҷуми факултети забонҳои шарқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №6 шаҳри Хуҷанд ва муассисаитаҳсилоти ғайридавлатии “Гимназияи хусусии Ганҷ” таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ доранд.

Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони раёсати донишгоҳ дотсент Пӯлотов Назирҷон бо мақсади шиносоӣ бо раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён мулоқот анҷом дод.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи тарбияи омӯзгорони баландихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар сохторҳои таълимию тарбиявие мебошад, ки новобаста аз шакли моликият ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳамчун пояи таҷрибаомӯзии педагогӣ вобаста шудаанд.

Ба донишҷӯён қарори мушовари Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи раванди таҷрибаомӯзӣ фаҳмонида шуд, даъват шуд, ки аз ин имконият самаранок истифода бурда, донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намоянд.

Маврид ба таъкид аст, ки таҷрибаомӯзон бо ҳуҷраи алоҳида, бо асноди меъёрҳои ҳуқуқӣ, нақшаи тақвимӣ, ҷадвали дарсӣ, нақшаи тавзеҳотӣ таъмин карда шуданд. Барои таҷрибаомӯзон гўшаи методӣ тартиб дода шуда, дар он ҷадвали навбатдорӣ, ҷадвали дарсӣ, ҷадвали гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, рўйхати таҷрибаомўзон, намудҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ насб карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ