Татбиқи донишҳои назарии донишҷӯёни ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ

Мутобиқи Низомномаи намунавӣ дар бораи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо “Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2014 таҳти № 18/10” донишҷўёни курси V–уми шуъбаи рӯзона, ихтисоси кори тиббӣ-биологӣ дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, беморхонаи клиникавии шаҳри Хуҷанд № 1 ба номи Ӯрунов С.Ӯ., беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи Қутфиддинов С. ва лабораторияи иммуногистохимиявии “Дента” таҷрибаомӯзии пеш аз ҳимоявӣ доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷрибаомӯзӣ аз санаи 25 март шуруъ гардида, то 5 май давом хоҳад кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил