​Таъсиси маҳфили илмии намунавӣ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи эълон гардидани соли 2025Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо маҳфили илмии намунавии доимоамалкунандаи умумидонишгоҳӣ таъсис меёбад. Дар ин бора имрӯз қарори Шӯрои олимони донишгоҳ қабул гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳфили мазкур дар назди факултети геоэкология ва туризм таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ ва мавриди корбарӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки маҳфили мазкур давоми ҳар моҳ як маротиба доир гардида, дар доираи он масоили мубраму муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳадаф аз ин ташаббус татбиқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани соли 2025Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баррасии илмии масоили марбут ба соҳаи мазкур, тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ҷиҳати таҳқиқ ва пажӯҳиши самти мавриди назар унвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77 –уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» – ро қабул кард, бо ташаббус ва пешбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ сурат гирифт.

Феълан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи ин ташаббус силсилаи чорабиниҳои гуногун идома дорад, ки таъсиси маҳфили мазкур аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ