​Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеа: мушкилот ва роҳу василаи ҳалли он

Шабакаи иҷтимоӣ як платформаи онлайниест, ки барои муошират, шиносоӣ, эҷоди муносибатҳои иҷтимоӣ байни одамоне, ки манфиатҳои якхела ё алоқаи офлайнӣ доранд, инчунин, барои фароғат (мусиқӣ, филмҳо) ба кор бурда мешавад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеа таъсири назаррас доранд ва яке аз манфиатҳои асосии он беҳтар намудани муошират аст. Бо шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ, одамон метавонанд ба осонӣ бо дӯстон ва хешовандон аз масофаи дур дар тамос бошанд ва инчунин, дар саросари ҷаҳон шиносҳои нав пайдо намоянд.

Дигаргун шудани равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва ба вуҷуд омадани зиддиятҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ таъсири худро ба шуур ва тафаккури сиёсии одамон расонида истодааст. Дар раванди тағйиротҳои ҷаҳонӣ таъсирҳои манфӣ ба тафаккури одамон, махсусан ҷавонон зиёд буда, боиси нигаронӣ мебошад. Чунин ҳолат на танҳо ба шуури ҷавонон, балки ба муносибату рафтор ва тарбияи онҳо низ таъсири манфии худро мерасонад.Дар чунин вазъият баланд бардоштани маърифат ва шуури сиёсӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва дар маҷмуъ ташаккули маданияти сиёсии ҷавонон муҳим ба шумор меравад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки васоити ахбори иҷтимоӣ изтироб, танҳоӣ ва стрессро зиёд намуда, нишонаҳои депрессияро афзоиш медиҳад ва ба худбаҳодиҳӣ таъсири манфӣ мерасонад. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз шабакаҳои маъмули паҳнамоӣ-иттилоотии интернетӣ мебошад, ки истифодабарандагонашон миллиардҳо нафарро дар бар мегиранд.

Бояд қайд намуд, ки сомонаҳои интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣсилоҳи муҳимми таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон мебошанд, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса кард. Дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби сомонаҳои интернетӣ, алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, амнияти ҷомеаро зери хатар қарор медиҳад.

Марҳилаи муосири ҷаҳонишавӣ боиси ташаккули нақш ва мақоми воситаҳои ахбори омма, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар технологияҳои гуногуни иттилоотӣ гардида, ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсоният табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумотҳо ҳоло зиёда аз 2 миллиард нафар аз интернет истифода бурда, ин рақам дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Пайдо шудани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, муоширати яктарафаро, ки дар гузашта бартарӣ дошт, аз байн мебарад. Истифодабарандагони интернет на танҳо аз бораи сиёсат ё вазъияти сиёсӣ зуд бохабар мегарданд, балки муносибати худро оид ба онҳо баён мекунанд. Аз имкониятҳои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои ба роҳ мондани робитаи мустақими шаҳрвандон бо ҳокимияти давлатӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ дар байни онҳо истифода бурдан мумкин аст.

Ҳоло дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ нақш ва ҷойгоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат афзоиш меёбад. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир ба сифати омили таъсиррасон ба равандҳои сиёсии ҷомеа ва фаъолшавии ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ низ дониста мешаванд. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари таъсири мусбат доштан, ҳамчунин ҷиҳатҳои манфӣ низ доранд. Ҳоло гурӯҳу созмонҳои гуногуни сиёсие пайдо шудаанд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ё иғвоангез истифода мебаранд. Чунин гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ва татбиқи ҳадафҳои худ нигаронида бошанд. Дар шароити вусъат ёфтани ҷангҳои иттилоотӣ хатари он бештар ба ҷавонон нигаронида мешавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан аз ашхоси номаълум ва ё шиносон паёмакҳои гуногун ба монанди “Агар шумо мусалмон бошед ин хабарро ба дигарон ирсол намоед”, “Агар ин хабарро равон накунӣ, ба бемории вазнин дучор мешавӣ” ва ғайра мавҷуданд, ки ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд.

Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо сомона ва мақолаҳои гуногуне дучор шудан мумкин аст, ки фаъолияти онҳо барои тарғиби ғояҳои сиёсии бегона равона карда шудаанд. Иттилооте низ мавҷуданд, ки бештар ҳимоякунандаи манфиатҳои гурӯҳу созмонҳои гуногуни сиёсӣ ҳастанд. Ҷавононе, ки пайваста ба иттилооти мазкур дастрасӣ доранд, таъсири манфии он ба шуур ва рафтори сиёсии онҳо ҳолати табиӣ мебошад.

Тарғиби оммавии фарҳангӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол ҷараён дорад. Онҳо асосан дар шакли видеоӣ, аксҳо ва аудио-сурудҳо мавҷуданд. Дар онҳо урфу одат, анъана ва ғояҳое, ки ба анъанаи миллии мо – тоҷикон хос нес-танд, таҷассум ёфта, кӯшиш мекунанд, ки ҷавонон онҳоро қабул намоянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мудом тарғиб намудани чунин арзишҳо оқибат майл пайдо намудани баъзе ҷавонон ба арзишҳои бегона ва боиси ба вуҷуд омадани ғояҳои бегонапарастӣ дар байни онҳо мегардад. Паҳншавии фарҳанги бегона дар байни ҷавонон боиси аз байн рафтани арзишҳои миллӣ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ дар солҳои охир нишон доданд, ки истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ҳисоби ҷавонон 33,3%-ро ташкил дода, аксари онҳо дар кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст мебошанд ва 66,7%-и онҳо бошанд, ба он пайвастагӣ надоранд. Агар мо ба вақтҳои истифодабарии Интернет диққат диҳем, дар маҷмуъ, аз онҳо 53,5%-и истифодабарангони интернет дар қаламрави кишвар ҳаррӯза ба сомонаҳои интернетӣ, махсусан «Instagram», «Facebook», «Tik Tok» ва «YouTube» пайвастагӣ доранд, вале 46,5% ақаллан дар як ҳафта як бор ва ё ду бор ба интернет пайваст мешаванд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки аксари истифодабарандагон аз ҳисоби ҷавонони шаҳр мебошанд (яъне, 68,2% ҷавонони шаҳр ва 41,8% ҷавонони деҳот).

Вобаста ба минтақаҳои истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 65%, ВМКБ — 50%, вилояти Суғд — 43%, НТМ — 33,5% ва вилояти Хатлон 14,3%-ро ташкил медиҳанд.

Истифодабарандагон ҳангоми кор дар интернет вақти худро дар ҷустуҷӯйи ҳар гуна маълумот, тамошои филму видеороликҳо, гӯш кардани мусиқиҳои гуногуни хориҷӣ, ҳар гуна бозиҳо ва қисми каме аз онҳо барои илмомӯзӣ ва таҳсилот сарф менамоянд. Маълум гардид, ки дар як рӯз 33,3%-и истифодабарандагони ҷавон бештари вақти худро беҳуда дар истифодаи интернет мегузаронанд, ки ин маънои на касбият ё шуғли ҳаррӯзаи онҳо, балки вобастагии онҳоро ба сомонаҳои интернетӣ дорад. Ба таври дигар гӯем, вобастагии ҷавононро ба сомонаҳои интернетӣ як навъи бемории руҳӣ ҳисобидан хато нест, зеро баъзе аз истифодабарандагон дар як рӯз бештари вақти худро дар кор бо интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд.

Истифодабарандагони ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварамон, ки аслан ҷавононанд, қариб тамоми фаъолияти ҳаррӯзаи худро (таҳсилот, омӯзиши ҳар гуна касбҳо, ба кӯча баромадан, тафреҳ кардан, ба клубҳои варзишию фарҳангӣ ва меҳмонӣ рафтан ва амалҳои дигар) ба истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ иваз кардаанд.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ воситае гардидааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ онро майдони иғвоангезии хеш қарор додаанд. Онро барои ҳимояи манфиатҳои худ мавриди истифода қарор медиҳанд. Инчунин, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин низ як таҳдиди ҷиддӣ барои ҳар як давлат, махсусан Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо солҳои гузашта ҳангоми шомил шудани як қатор ҷавонони гумроҳи тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистию террористии ба ном «Давлати исломӣ» мушоҳида намуда будем. Инчунин, дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир муборизаро бар зидди шабакаҳои ичтимоӣ пурзӯртар намуда истодааст, ки хеле саривақтӣ ва бамавқеъ мебошад.

Дар охир гуфта метавонем, ки ворид шудани технологияи компютерӣ ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ (махсусан, интернет) дар фаъолияти одамон тағйиротҳои куллиро ба вуҷуд оварданд, Аксарияти шаҳрвандон бо сабаби тангии рӯзгор ва набудани фаъолии иҷтимоӣ аз дастовардҳои технологияи коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба воситаи асосӣ ё канали ивазнашавандаи рушди маданият табдил меёбад, истифода бурда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб ва ё истифодабарии нодурусту ғайри мақсадноки муштариёни интернетӣ пешгирӣ ва чораҷӯии қатъи намудан лозим. Дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба фарҳанги истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ доимо ва амалан баргузор намуда, аз пайомадҳои манфӣ аз истифодаи нодурусту ғайримақсадноки он ба наврасону ҷавонон далелҳои илмӣ-амалӣ пешниҳод гардад. Ҷавонон вақти пурқимати худро беҳуда нагузаронда бояд ба курсҳои махсуси забономӯзиву ҳунарандӯзӣ ҷалб гарданд.

Мирбобоева М.И. муаллимаи калоникафедраи молия ва андоз

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ