​Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеа: мушкилот ва роҳу василаи ҳалли он

Боиси хурсандист, ки дар ватани азизи мо дар сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷанобӣ Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мамлакати азизизамон ру ба тараққӣ дорад ва рӯз то рӯз нашъунамо меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷанобӣ Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар алоҳида қайд намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, ки саросари оламро фаро гирифтааст, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли дигар бобарор гардид [1]. Ин маънои онро дорад, ки Пешвои миллат ба ҷомеаи суннатии давлатамон боварии калон доранд ва ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ барои пуштибонии давлату ҳукумат бояд саҳми худро гузорад. Зикр кардан бамаврид аст, ки вазъи мураккаби ҷаҳон пеш аз ҳама ба ифротгароён, гурӯҳҳои тундрав вобаста буда, он метавонад ба мамлакати мо низ таъсир расонад.

Яке аз сарчашмаҳои паҳнкунандаи ифротгароӣ ин интернет маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо ба ҳамаи шаҳрвандони касбу кори гуногун шароит барои истифода ва корбурди шабакаи байналмилалии интернет фароҳам гардидааст ва ҳар шахс метавонад аз он мувофиқи дарку фаҳмиш ва мақсаду маром истифода намояд. Имрӯзҳо шахсе шояд вуҷуд надошта бошад, ки аз ин неъмати муосир, сарчашмаи илму дониш ва иттилооти беминнат истифода нанамояд. Интернет дар ҳаёти имрӯзаи мо асосан бо ин мақсадҳо:

а) бо мақсади дарёфти маълумоти илмӣ;

б) бо мақсади дарёфти иттилои саривақтӣ;

в) бо мақсади ба даст овардани даромад;

г) барои дилхушӣ

истифода мегардад.

Аз байни мақсадҳои номбаршуда охирин мавқеи асосӣ ва марказиро ишғол менамояд, чунки барои инсон фароғат хеле муҳим аст. Инсон мехоҳад баъди ба анҷом расонидани кор, дар лаҳзаҳои фориғ аз кору машғулият мехоҳад асаби худро ором намояд. Дар ин маврид интернет муҳимтарин восита маҳсуб меёбад. Сомонаҳои иҷтимоӣ яке аз бахшҳо ва ё қисмати асосии шабакаи умумиҷаҳониро ташкил менамоянд.

Сомонаҳои иҷтимоӣ “Фейсбук”, “Инстаграмм”, “Одноклассники”, “В контакте” ва бархе дигар сомонаҳои иҷтимоӣ дар кишвари мо низ рушд ёфта тобеини зиёдро пайдо намудааст. Бо ин восита инсонҳо аз ҳаёти рӯзмарраи пайвандони аз назар дуру наздик муошират барпо менамоянд, бо тарзи зиндагӣ, фаъолияти якдигар бохабар мегарданд. Ҷиҳатҳои мусбати ин падидаҳои муосирро бо шуморидан шояд ба анҷом нарасад, вале...

Дар мақолаи мазкур масъалаи мавриди назар таҳлил гардида, ҷиҳатҳои манфии истифодаи ин сомонаҳо аз назари таҳлили объективона баҳогузорӣ хоҳанд гашт. Бояд қайд кард, ки масъала чуноне ки менамояд саҳлу сода нест ва дар он печидагиву мураккабии зиёде нуҳуфтааст.

Вақте сухан дар бораи телефони мобилӣ меравад, вобастагии инсон ба он ба таври алоҳида зикр мешавад ва қайд мегардад, ки телефони мобилӣ ҷузъи ҳаёти инсонҳо гардидааст. Ҳар нафаре ки чашм аз телефони мобилӣ намебардорад, ӯ ҳатман дар ягон сомонаи иҷтимоӣ сафҳагардонӣ менамояд: ё видео тамошо мекунад, ё расм мебинад ва ё афкори шахсони гуногунро мехонад. Дар байни ин машғулият ба тамошои видеоҳои кӯтоҳ диққати мардум бисёртар равона мегардад, чунки воситаи дилхушии худро ӯ бо ин роҳ бароварда месозад.

Шахсе ки дар сомонаҳои иҷтимои дохил мешавад, аз ҳамон лаҳза сар карда, ӯ ба дунёи маҷозӣ ғӯтавар мегардад, дар бораи одамони дар атрофи хеш буда ё аҳамият намедиҳад ё онҳоро аз хотир мебарорад. Дар чунин ҳангом ҳатто падар писарро, бародар додарро, инсонҳо ҳамсинфу ёру ошноҳоро қариб аз хотир мебароранд ва наметавонанд инсонвор рафтор намоянд. Дар ҷомеаи суннатии тоҷикон фарзандҳо дар назди падар бо сари хам менишинанд ва муаддабона сухан мекунанд, аммо ҳоло шахсе ки назди волидайн менишинад, ӯ ҳатман бо сари менишинад, вале ҳамвора телефони худро назорат менамояд ва ҳамин тавр ин шахси ба назар боодоб ботинан беодоб аст, чунки ба ҷои сухан кардан бо аҳли оила ин шахс дар сомонаи иҷтимоӣ қарор дошта, наметавонад дар ду маврид қарор дошта бошад. Агар мо аҳамият диҳем як шахс бо ду гурӯҳи одамон якбора муошират карда наметавонад ва ӯ ҳатман аз пайвандони худ дур мегардад. Ин яке аз ҷиҳатҳои манфӣ ба шумор меравад.

Сомонаҳои иҷтимоӣ дар вайрон гардидани муносибатҳои оиладорӣ роли бузургро бозӣ мекунад, вақте аъзоҳои оила ҳама машғули телефони мобилии худ буда ба тамошои расму видеоҳои гуногун мебошанд, таълиму тарбияи фарзанд бар дӯши кӣ вогузор мегардад, кадом аъзои оила, оё падар ва модар масъулияти худро дар таълуму тарбия иҷро менамоянд ва ё то кадом андоза?

Албатта, сомонаҳои иҷтимоӣ танҳо воситаи хушҳолисту халос, наметавонад на касеро тарбия кунад ё чизеро омӯзонад, он пеш аз ҳама воситаи беодобиву худнамоишдиҳӣ ва фаҳшу расвоӣ мебошад, ки ҳар кас метавонад “дороиву қобилият”-и худро ба намоиш гузорад. Табиист, ки мардум ба чунин ашхос таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд ва ҳамин тавр бо аз байн рафтани шарму ҳаё ҷомеаи суннатӣ вайрон мегардад.

Вақте ҷомеа вайрон мегардад, миллат ва насли оянда зарбаи сахт мебинад. Дӯстони маҷозӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол ва хеле пурхатаранд, онҳо оҳиста-оҳиста ба ҳаёти шахсӣ ворид гардида, аз паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти каси дигар воқиф мегарданд, хатар то андозае бузург мегардад, ки инсон дертар ҳис менамояд.

Ҳамчунин масъалаи бозиҳои кампютерӣ низ таъсири манфии худро ба ҷомеа мерасонад, чунки ба ташаккули зеҳнии онҳо новобаста таъсир мерасонад. Аз дигар тараф ҷанбаи манфии бозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сараввал дар зоеъ намудани вақти зиёд, тараққӣ наёфтани қобилият ва побанд гардидани кудакону ҷавонон ба онҳо зоҳир мегардад, инчунин он метавонад маҳвкунандаи қобилияти фикрронӣ, аз байн бурдани назарияҳои илмӣ ва ғайраҳо мебошанд, ки бо ҳисоб онро дарҷ кардан душвортар аст.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи гурӯҳҳои радикалӣ ва шабакаҳои интернетии хусусияти ифротгароидошта рӯз аз рӯз меафзояд. Барои ин гуна шахсон ҷавонони мо туъмаи муфид мегарданд ва барои ҳадафҳои нопоки худ онҳо истифода менамоянд. Ҷавонони мо ин гурӯҳҳои ифротиро, ки хеле моҳирона амал мекунанд ва чи ҳадаф доранд сараввал дарк наменамоянд, баъдтар замоне мефаҳманд, ки аллакай кор аз он гузаштаву дер шудааст.

Пайдо шудани фазои ягонаи итилооти ва воситаҳои муошират эҳтимолияти рушди минбаъдаи пайдоиши радикализмро ба маротиб зиёд намуд. Намояндагони таблиғоти ифротӣ аз маърифати паст ва фанатизми динии баъзе ҷавонон суистифода намуда, таваҷҷуҳи онҳоро бо роҳҳои гуногун, махсусан технологияи коммуникатсионӣ (сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ) ба худ ҷалб менамоянд. Ҳарчанд имрӯз бисёриҳо зарару фоидаи шабакаҳои иҷтимоиро ба хуби дарк мекунанд, аммо то ҳол аз ин технология самаранок истифода бурданро наомӯхтаанд, худро идора карда наметавонанд.

Миёни шабакаҳои иҷтимоии мисли Одноклассники, Facebook, Instagram, TikTok, Telegram, В Контакте, ки ҷавонони мо аз онҳо истифода мекунанд, дар Тоҷикистони азизи мо хеле корбарони зиёд дорад. Таҳлилҳо аён сохт, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари афроди ҷавон ба фазои интернетӣ, – ин машғул шудани онҳо ба ҳамчун воситаи дилхушӣ истифода бурдани интернет мебошад. Вале дар асл ин намуди фаъолият дар рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии ҷавонон ва хоса, ҷомеа заррае суд надошта, баръакс соатҳои тӯлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани ҷавонон аз як тараф боиси тадриҷан аз онҳо вобастагии рӯҳиро пайдо карданашон шуда, аз сӯи дигар сабаби қафомонии раванди камолоти умумии наврасон аз ривоҷи мӯътадили хеш мегардад. Маврид ба қайд аст, ки бозиҳои электронӣ низ мавҷуданд, ки асосан саҳнаҳои ҳарбу зарб ва қатлу кушторро фарогир буданашон аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷараёни тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқии насли ҷавон низ халали ҷиддиву ислоҳнопазир ворид месозанд.

Ҷуз аз ин, боз тоифаи дигари ин нафарон бештари вақти худро дар шабакаи ҷаҳонӣ баҳри анҷом додани муошират бо ёру дӯстони хеш, ё худ ирсоли нома ба суроғаи электронии ҳамдигар ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав зоеъ мегузаронанд, ки ин ҳам чандон нишони истифодаи босамару мақсаднок аз ин фазои бекарони иттилоот буда наметавонад.

Маврид ба зикр аст, ки яке аз камбудиҳои шабакаҳои интернетӣ, чунончи пештар гуфта гузаштем – ин, агар бозиҳои электронӣ бошад, ки аксаран заминагузори зоҳирёбии рафторҳои зиддииҷтимоии наврасони хурдсол ҳастанд, пас камбудии дигари ин шабака ҳамчунин, аллакай ишорааш рафт – мавҷудияти сомонаҳои шиносоӣ бо ашхоси бегона маҳсуб мешавад.

Агар вазъ чунин давом ёбад, моро дар ояндаи наздик хатари бузурги иҷтимоӣ интизор аст. Ҳоло ҳам дер нагардидааст ва барои бартараф намудани ин камбудӣ бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ба назари мо роҳи ҳалли ин мушкилот, яъне истифодаи дурусти интернет мебошад ва ҷомеа бояд боманфиат кор фармудани интернетро дарк намояд. Барои ин лозим аст:

  • Ҷомеа барои истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ вақти аниқро муайян намояд;
  • Ба гурӯҳҳои гуногуни маҷозӣ муштарӣ нагардад:
  • Барои фикрҳои ғалат ва гуногун тугмачаи “Мақбул” пахш нанамояд.
  • Худ ва наздиконро аз истифодаи ҳарчи камтари сомонаҳои иҷтимоӣ огоҳ намояд.
  • Ба мутолиаи китоби ғайриэлектронии бадеӣ одат кунад.

Элназаров Б., устоди ДДХ ба номи академик Б,Ғафуров

Феҳрасти адабиёт:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”. 28.12.2023 ш. Душанбе www.president.tj санаи муроҷиат 26.10.2024 (маводи электронӣ).

2. Болховской А.Л. Информационно-сетевое общество: социально-философский анализ: Автореферат … канд. филос. наук: 09.00.11:2010 г. – С. 12.

3. Муҳаммад А.Н., Абдуҷалилов А. Терроризм ва дин (таҷрибаи Тоҷикистон). Душанбе: “Дониш”, 2021 – 75 с.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ