​Тасдиқи 6 дараҷаи илмӣ ва 2 унвони илмии устодони донишгоҳ

Бо фармоишҳои Комиссисяи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 дараҷаи илмӣ ва 2 унвони илмии устодони донишгоҳ тасдиқ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ин теъдод 1 рисолаи докторӣ, 3 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи доктори фалсафа аз рӯи ихтисос PhD тасдиқ шуданд.

Аз ҷумла, даҷаи илмии Маҳмадшоев Маҳмадшо - доктори илмҳои филологӣ, Султонзода Гулбаҳор - номзади илмҳои филологӣ, Каримова Дилором - номзади илмҳои педагогӣ, Қодирӣ Дилрабо - номзади илмҳои педагогӣ, Аҳмедҷонова Мушарраф - доктор аз рӯи ихтисос PhD (филологӣ) ва 2 унвони илмии устоди факултети забонҳои хориҷӣ - Юсупова Мунира ва Ҳомидова Мунира (дотсент) тасдиқ шуданд.

Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ устодонро ҷиҳати тасдиқи дараҷа ва унвони илмӣ табрик гуфта, барояшон дар идомаи фаъолият тавфиқи пайваста таманно дорем.

Маркази иттиллоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ