​Ташаббуси тоза: Таъсиси гурӯҳҳои махсуси таҷрибавӣ (болаёқат)

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гурӯҳҳои махсуси таҷрибавӣ (болаёқат) таъсис меёбанд. Дар ин бора фармоиши ректори донишгоҳ ба тавсиб расида, дар ҳайати 28 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба комиссияи корӣ таъсис дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати муайян намудани донишҷӯёни болаёқат дар курсҳои дуюми гурӯҳҳои академии ихтисосҳои мухталифи факултетҳои филологияи тоҷик, биология ва химия, забонҳои хориҷӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, забонҳои шарқ, таърих ва ҳуқуқ, иқтисодӣ, физикаю техника ва филологияи рус аз фанҳои тахассусӣ мониторинг доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки мониторинг оид ба муайян намудани донишҷӯёни болаёқат дар ду шакл - шифоҳӣ ва хаттӣ гузаронида шуда, дар он 1360 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Интизор меравад, ки донишҷӯёне, ки холи баланд ба даст меоранд, ба гуруҳҳои махсуси таҷрибавӣ (болаёқат) шомил хоҳанд шуд.

Ҳадаф аз ин иқдом таъмини сифати баланди таълим, мусоидат ба рушди донишҷӯёни лаёқатманд ва фароҳам оварданишароити арзанда ба таҳкими иқтидори илмиву техникии онҳо унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ