​Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ дар кафедраи грамматикаи забони арабӣ

Дар факултети забонҳои шарқ конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии педагогӣ ва истеҳсолӣ баргузор гардид, ки мақсади он шинасоии донишҷӯён бо низомномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва муҳити касбӣ буд. Конференсия бо иштироки донишҷӯён, устодон ва масъулони кафедра доир шуда, нақшаи амалии таҷрибаомӯзӣ барои нимсолаи 2-юми соли хониши 2024-2025 таҳти назар гирифта шуд.

Дар оғози конференсия, декани факултети забонҳои шарқ, дотсент Эҳсонзода Малоҳат суханронӣ намуда, ба иштирокчиён низомномаи таҷрибаомӯзӣ ва мақсаду вазифаҳои асосии онро муаррифӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи донишҷӯён бояд дар ҷои таълимии худ ҳозир шуда, корҳои педагогӣ ва таълимиро бо хонандагон анҷом диҳанд. Мудири кафедраи грамматикаи забони арабӣ дотсент Муродзода Нодира дар суханронии худ ба таҳсил ва таҷрибаи педагогӣ ва истеҳсолӣ дар муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассал дод.

Маврид ба зикр аст, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ ва истеҳсолӣ дар ин муассисаҳо барои донишҷӯён дар муддати 6 ҳафта аз 27-уми январи 2025 то 7-уми марти 2025 ба назар гирифта шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ