​Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ: Донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисӣ донишҳои назарии худро дар амал татбиқ доранд

Донишҷӯёни соли чоруми ихтисоси хитойӣ-англисии факултети забонҳои шарқ дар доираи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металургии шаҳри Бӯстон донишҳои назарии худро дар амал татбиқ доранд.

Дар доираи ин ташаббус донишҷӯён ба таври амалӣ бо усулҳои навтарин ва шеваҳои таълимии забони хитойӣ шинос шуда, таҳти роҳбарии мураббиён ва омӯзгорони забонҳои хориҷӣ тарзи дуруст ворид кардани маълумот ва истифодаи воситаҳои техникӣ дар таълимро меомӯзанд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишҷӯён бо шабакаи интернетӣ ва компютерҳо, ки дар системаи донишкадаи Конфутсий пайваст шудаанд, дар машғулиятҳои амалӣ иштирок мекунанд.

Гулорохон Тураева, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ таъкид дошт, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои донишҷӯён фурсати муҳимест, ки онҳо бо усулҳои замонавии таълими забон ва методологияи таҳсилоти байналмилалӣ шинос шаванд.

Донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ имконият пайдо мекунад, ки тавассусти шиносоии амиқ ба усулҳои таълими забон ва истифодаи технологияҳои замонавӣ дар оянда мутахассисони пуриқтидор ва бомаҳорат гарданд.

Маврид ба таъкид аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён таҳти роҳбарии мутахассисони баландихтисоси риштаи хитойӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар муҳити амалии таълим бо усулҳои пешрафта ва таҷрибаи омӯзгорони касбӣ шинос шаванд.

Роҳбарони таҷрибаомӯзӣ бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва тавсеаи воситаҳои таълимии пешрафта, донишҷӯёнро дар раванди омӯзиш ҳамроҳӣ мекунанд, то онҳо тавонанд дарк кунанд, ки чӣ гуна дар шароити омӯзиши забон дар амал бо шогирдону шунавандагон кор кунанд. Ин таҷриба ба донишҷӯён на танҳо барои такмили малакаҳои забоншиносӣ, балки барои рушд кардани қобилиятҳои педагогӣ, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва роҳҳои муассири таълим кӯмак мерасонад.

Бо роҳбарии мутахассисон, донишҷӯён дар муҳити воқеии таълимӣ таҷрибаи дуруст гирифта, инчунин дар навбати худ малакаҳои дақиқ ва истифодаи манбаҳои таълимӣ, кумак ба равандҳои таълим ва мувофиқ кардани шеваҳои алоқаманд бо ихтисоси худ ба даст меоранд.

Хотиррасон менамоем, ки пеш аз оғози таҷрибаомӯзӣ дар факултети забонҳои шарқ конференсияи ифтитоҳӣ бо иштироки декани факултет, муовинони декан ва мудирони кафедра баргузор гардид, ки ҳамаи донишҷӯён доир ба қоидаҳои таҷрибаомӯзӣ маълумот пайдо карданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ