​Таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён

Донишҷӯёни курсҳои сеюм, чорум ва панҷуми факултети математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ доранд.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, 31 ва гимназияи рақами 4-уми шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии педагог Аҳрорҷон Убайдуллоев ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ҳамчун роҳбари синф фаъолияти педагогии хешро пеш бурда, дарси соатҳои тарбиявиро самаранок ва босифат ташкил ва баргузор намуда истодаанд.

Донишҷӯён-таҷрибаомӯзон донишу маҳорат ва малакаи хешро такмил дода, дар раванди дарсҳо методу усулҳои салоҳиятнокии таълимро васеъ истифода мебаранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ