Таҷрибаи омӯзгорӣ: татбиқи донишҳои назарӣ

Донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи курси сеюми ихтисоси психология ва курси чоруми ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ ва Таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (забони русӣ) ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин раванд 6 ҳафта давом намуда, то 6-уми марти соли 2025 давом хоҳад кард. Таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён дар “Мактаб – интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23, №24 – и шаҳри Хуҷанд ва МД “Кӯдакистони Президентӣ” – и вилояти Суғд ҷараён дорад.
Гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълим буда, робитаи назарияи омӯзгорони ояндаро бо фаъолияти амалии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба амал татбиқ менамояд ва донишҷӯёнро ба мустақилона корбарӣ намудан омода сохта, дар системаи тайёрии касбии омӯгорон нақши асосиро мебозад.
Раванди таҷрибаи омӯзгорӣбо роҳбар - мушовирони донишҷӯён илома дошта, ҷиҳати татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён тамоми шароит фароҳам аст.
Маркази иттилоот ва таҳлил