Таҷлили Соли нав дар хобгоҳҳои донишгоҳ

Дар хобгоҳи №1 ва №3 ба муносибати Соли нав чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Муовини ректор оид ба тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр иштирокчиёнро табрик гуфта, аз натиҷаҳои соли равон дар ҳаёти донишгоҳ таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки соли 2024 дар равандҳои фаъолияти донишгоҳ силсилаи рӯйдоди муҳим ба вуқуъ пайваста, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас сазовор гардиданд.
“Дар самти тарбия устодону донишҷӯён соли 2024-ро бо натиҷаҳои нишонрас ҷамъбаст доранд. Давоми сол дар факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуданд. Бо мақсади иҷрои рукнҳои Консепсияи миллии тарбия 3360 чорабинӣ, аз ҷумла конфронсу мизи мудаввар, мулоқоту вохӯрӣ гузаронида шуданд”- зикр намуд Маҳмудзода Бахтиёр.
Барномаи фарҳангии донишҷӯён ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшид. Дар ҷараёни он саҳнаҳои тарбиявӣ, рақсҳои ҷолиб ва сурудҳои дилнишин намоиш дода шуданд.
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ як қатор донишҷӯдухтарони фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Чунин чорабинӣ дар дигар хобгоҳ ва факултетҳои донишгоҳ идома дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил