​ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи ҳайати устодони донишгоҳ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин чорабиниро ифтитоҳ бахшида, нақш ва мақоми омӯзгоронро ҳамчун равшангарони роҳи дониш ва сарчашмаи хираду фарҳанг маънидод намуд. Гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи боло бурдани мақому манзалати омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуда, паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ба самъи ҳозирин расонид. Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли наврасро бевосита ба фаъолияти омӯзгор вобаста медонанд. Маҳз омӯзгоронанд, ки арзишҳои миллӣ ва умумибашариро ба шогирдон интиқол дода, дар қалби онҳо муҳаббат ба Ватан, ҳисси худшиносӣ ва масъулиятшиносиро бедор месозанд.

Сипас, беш аз 120 нафар устодон ва кормандони Донишгоҳ барои хизматҳои арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон, омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ бо нишонҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорнома, раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравии ректори Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Инчунин наздик ба 70 нафар устодони собиқадор ва соҳибтаҷрибаву соҳибунвон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Баъдан, намоиши филм аз таърихи беш аз 90-солаи Донишгоҳ, ки фарогири марҳалаҳои гуногуни таърихии ин боргоҳи илму маърифат мебошад, манзури иштирокчиён гардид.

Дар охир, бо иштироки ҳунармандон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гашта, фазои идонаро боз ҳам шукӯҳи тоза бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ