​Тақсимоти мутахассисони ҷавони донишгоҳ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тақсимоти ниҳоии мутахассисони ҷавон доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси раёсати маорифи вилояти Суғд Қурбониён Абдураҳим ва сардорону мудирони шуъбаи корҳои махсус вакадри маорифи шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоннисбат ба соҳаи илму маориф таъкид намуда, зикр дошт, ки соҳаи маориф кафили таъмини рушд ва пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.

“Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ рушди бонизоми соҳаи маориф вабаланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯйро ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуда, пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватанро аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобаста маънидод намуданд. Ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари олии давлат Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар самти тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд ва мутахассисони ҳирфаӣ мунтазам иқдом намуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳад” – афзуд ректори донишгоҳ.

Иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро зиёда аз 5000 нафармуҳассилин хатм менамоянд, ки аз ин теъдод 2434 нафар ба шуъбаи рӯзона рост меояд.

Гуфта шуд, ки аз 2434 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона 397 нафар ихтисосҳои омӯзгориро тариқи буҷавӣ ва 144 нафар тариқи квота хатм менамоянд. Теъдоди хатмкунандагони ихтисоси ғайриомӯзгорӣ тариқи буҷавӣ 77 нафарро ташкил медиҳанд.

Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ зимни суханронӣ оид ба ҷойи кор таъмин намудан ва имтиёзҳои мутахассисони ҷавон маълумот дод.

Зикр гардид, ки тақсимот ва ба кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки тариқи гурӯҳҳои буҷавӣ донишгоҳро хатм менамоянд, тибқи Низомнома ва дигар санадҳои меёърию ҳуҳуқии дахлдори соҳаи маориф ва илми кишвар роҳандозӣ мегардад.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина доир ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рафъи ин мушкилот дар самти омода намудани мутахассисони соҳибтахассус таъкид намуд.

Ҳамзамон, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва имтиёзҳои хатмкунандагон мавриди шарҳ қарор гирифт.

Бо суолу ҷавоб миёни хатмкунандагон ва масъулин ҷаласаи тақсимоти ниҳоии мутахассисони ҷавон ҳусни анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ