​Таҳкими сулҳу субот мароми мост!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмоназ онсарваронемебошанд, киҳастии хешробарои мардумва зиндагиишоистаи онҳобахшидаанд. Ҳаряк тадбирва корномаҳоиПешвоимиллатба ҷавонони имрўзаи кишвардарси ҳаёт,ифтихорва дўст доштаниВатан,мардонагӣва дарки баланди инсондўстиромеомӯзонад.

Дар ҳақиқат, яке аз арзишҳои олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣметавонад тамомимиллатҳо, гурӯҳҳо, ниҳодҳо ва неруҳҳои иҷтимоиро дар кишвар бипайвандад, ин дӯстию рафоқат, гирифтани дасти ҳамдигар, фазои орому осуда ва зиндагии осоиштаи мардумон аст.

Дар мувофиқа ба ин гуфтаҳо, суханронииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистонЭмомалӣРаҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки масъалаҳои ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза-равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалиро дар бар мегирифт, боз якбори дигар шаҳодат аз он дошт, ки халқи тоҷик бо сарварии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон-ЭмомалӣРаҳмон доир ба ҳалли ин муаммоҳо бетараф нестанд.

Дар ҳақиқат, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад.

Дар ин баромад, Сарвари давлат даъват ба амал оварда, чунин таъкид намуданд: “Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем”.

Дар ин радиф, имрӯз тамоми мардуми сулҳхоҳу заҳматкаши тоҷиксиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамоем.

Аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод карда шудани қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” саривақтӣмебошад, зеро Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ аст.

Барқарорсозии сулҳу амният дар Тоҷикистонро метавон аз заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастоварди муҳим арзёбӣ мегардад, зеро амнияту оромиши Тоҷикистон бо назардошти мавқею имкониятҳои географӣ ҳамчун кишвари кафили сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Бояд зикр кард, китаҷрибаҳои Тоҷикистон дар ин ҷода калон буда, маҳз хизматҳои шоёни Сарвари давлат дар ин самт буд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мустақил, байни ҷаҳониён эътироф карда шудааст.

Мо-омӯзгорон бояд ба тарбиятгарони худ тақлид намоем, ки шукронаи соҳибистиқлолии кишвар, шукронаиобу хоки диёр, шукронаи осмони софу беғубор намоянд ва барои дастгирии ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Сарвари кишвар саҳмгузор бошанд.

Юсуфҷонова Дилбар -дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ