​Таҳкими сатҳи забондонии омӯзгорон

Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ бо мақсади таҳкими сатҳи забондонии омӯзгорон омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд.

Дарси аввал аз ҷониби омӯзгори забони англисӣ Рафибаевадар мавзуи «Овозҳои забони англисӣ ва дифтонгҳо» доир гардид. Раванди омӯзиш бо усулҳои фаъол, аз ҷумла саволу ҷавоб ва машқҳои талаффуз, пеш бурда шуд, ки ин боиси ҷалби бештари омӯзгорон ва таъсири мусбати дарс гардид.

Иқдоми мазкур аз ҷониби ҳайати омӯзгорони кафедра хуб пазируфта шуда, онҳо омӯзиши забони англисиро ҳамчун як василаи рушди малакаҳои касбӣ ва тавсеаи дониши худ муҳим арзёбӣ намуданд.

Татбиқи чунин барномаҳо дар донишгоҳ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи забондонии устодон, балки барои таъмини сифати баланди раванди таълим ва ҳамқадамии донишгоҳ бо стандартҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ