Таҳкими мақоми омӯзгор дар ҷомеа
Дар факултети филологияи тоҷик бо иқдоми кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Декани факултет, профессор Замирахон Ӯлмасова оид ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими мақоми омӯзгор суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.
“Вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад” – зикр шуд зимни суханронӣ.
Дар идома донишҷӯёни кафедра дар мавриди нақшу мақоми омӯзгор дар ҷомеаи муосир маърӯза, шеър ва гуфтор ироа намуданд, ки таҷассумгарди нуфуз ва ҷойгоҳи муаллим дар роҳи таҳкими маърифатнокии ҷомеа буд.
Маркази иттилоот ва таҳлил