​ШУРОИ ОЛИМОН: ҲИСОБОТИ РЕКТОР ДАР СОЛИ 2025 ШУНИДА ШУД

25-уми декабри соли 2025 дар ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳ ҳисоботи солонаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2025 шунида шуда, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд.

Дар ҳисобот зикр гардид, ки фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳаи маориф ба роҳ монда шуда, Донишгоҳ дар самтҳои таълим, илм, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Таъкид шуд, ки ҷиҳати мутобиқ намудани раванди таҳсил ба стандартҳои муосир ва такмили низоми бисёрзинагии таҳсил тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, дар соли ҳисоботӣ 7 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр ва 1 ихтисоси нав дар зинаи магистратура таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои роҳандозии 17 ихтисоси нави замонавӣ, аз ҷумла «Зеҳни сунъӣ», «Web-дизайн ва графикаи компютерӣ», «Технологияҳои иттилоотӣ» ва «Забонҳои муосири хориҷӣ» иҷозатнома ба даст оварда шудааст, ки тибқи он қабули довталабон барои соли таҳсили 2026–2027 ба роҳ монда мешавад.

Дар назди Донишгоҳ “Гӯшаи забон ва фарҳанги Куриё”, Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии магистрантон ва докторантон, “Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии физикаи ҷисмҳои сахт”, “Лаборато¬рияи таълимии астраномия” ва методикаи таълими он”, “Синфхонаи ихтироъкорон ва навоварон” ва “Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳаракати пиряхҳои Осиёи Марказӣ” мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуъи таҷҳизоти озмоишӣ аз фанни биология, “Стенди низоми омӯзиши корҳои васли барқии таҷҳизоти таҳсилоти касбӣ”, “Стенди таҷҳизоти таълимӣ-таҷрибавии низоми офтобӣ ва равшании истеҳсоли барқ”, “Стенди таҷҳизоти омӯзиши амалии малакаҳои муосири низоми хунуккунӣ ва конденсаткунонии ҳаво” ворид гардидааст, ки аз дастовардҳои сол ба ҳисоб меравад.

Дар самти илм рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ, фаъолияти шуроҳои дифоъ ва татбиқи лоиҳаҳои илмии буҷавӣ аз дастовардҳои муҳими соли 2025 арзёбӣ гардид. Ректори Донишгоҳ қайд намуд, ки ҳиссаи устодони соҳибунвон ба 50,6 фоиз расида, дар ин давра аз ҷониби омӯзгорон 58 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 4 рисолаи докторӣ ва 54 рисолаи номзадӣ дифоъ гардиданд, ки қисми зиёди онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Инчунин 7 Шурои дифоъ фаъолият намуда, 52 нафар унвонҷӯ рисолаҳои худро ҳимоя карданд. Дар самти табъу нашрӣ 72 номгӯйи китоб ба чоп расидааст, ки аз ин шумора 8 китоби дарсӣ, 13 монография ва таҳияи матн, 41 дастури таълимиву методӣ, комплекси таълимӣ-методӣ ва 10 номгӯй маҷмуаи мақолоти илмӣ мебошанд.

Дар самти татбиқи рукнҳои Консепсияи миллии тарбия таъкид шуд, ки дар Донишгоҳ корҳои тарбиявӣ бо дарназардошти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ташаккули маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ба роҳ монда шудаанд. Иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Донишгоҳ арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин ба густариши робитаҳои байналмилалӣ, таъсиси лабораторияҳо ва марказҳои таълимӣ-илмӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа фаъолияти солонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қаноатбахш ҳисобида шуда, қарори дахлдори Шурои олимон қабул гардид ва самтҳои асосии рушд барои соли 2026 муайян карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ