​Шурои олимон: баррасии равандҳои фаъолияти кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ таҳти раёсати ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом сурат гирифта, дар доираи он чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа - Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ дар кафедраҳои умумидонишгоҳии информатика, педагогикаи умумӣ, психологияи умумӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ раиси гуруҳи корӣ, директори китобхонаи илмии донишгоҳ дотсент Дилбар Самадова гузориш дод.

Зикр гардид, ки кафедраҳои умумидонишгоҳӣ барои беҳтар кардани сифати таълим ва афзоиши самаранокии раванди таҳсилот аҳаммият дода, фаъолияти худро дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ самаранок ба роҳ мондаанд.

Дар ин самт ба зарурати рушди робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои илмию амалии устодони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои тадқиқотии хориҷӣ таъкид гардид.

Масъалаи дуюм - рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ ректори донишгоҳ таҳлил намуда, ба зарурати таъмини шароити мусоид барои рушди тавонмандии ҷавонон ва ҳамкории онҳо бо соҳаҳои гуногуни илмӣ ва истеҳсолӣ, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат мекунанд, ишора намуд.

Дар раванди иҷрои фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва таҳияи барномаҳои нави таълимӣ сурат мегиранд, ректори донишгоҳ муҳиммияти риояи талаботи қонун ва фармоишҳоро дар ҳар як кафедра ва факултети донишгоҳ таъкид кард.

Дар идома раиси Шурои ихтироъкорони донишгоҳ Домуллоҷонов Аҳмадҷон дар бораи фаъолият ва натиҷаҳои Шурои ихтироъкорон ва навоварон дар донишгоҳ ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки Шуро дар як муддати кӯтоҳ дастовардҳои амиқ ва таъсирбахшро дар рушди фикр ва идеяҳои навоварона ба даст овард. Дар доираи ҳисобот таҳқиқи корҳои илмӣ, навоварӣ ва ихтирооти донишҷӯён ва устодон, ки дар самтҳои мухталифи илмӣ ва техникӣ равона гардидаанд, муҳокима шуд.

Бо баррасии масъалаҳои ҷорӣ, қабули қарорҳои дахлдор ва вазифагузорӣ дар назди масъулин ҷиҳати таҳкими фаъолият ва ислоҳи камбудиҳо ҷаласа анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ