​Шўрои марказии таълимӣ-методӣ: баррасии масоили раванди таълим

Дар толори раёсати донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шўрои марказии таълимӣ-методӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Шўрои марказии таълимӣ-методӣ, муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуллоева Меҳринисо, сардори раёсати таълим, мудирони шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилот, таҳсилоти фосилавӣ, таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, сардорони марказҳои тестӣ, бақайдгирӣ ва машварат ва муовинони декан оид ба корҳои таълими рўзона ва фосилавии факултетҳо иштирок намуданд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, перомуни он аз ҷониби масъулин гузориш шунида шуд.

Доир ба санҷиши ҳолати ворид намудани маводи таълимӣ дар сомона барои донишҷўёни шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) аз ҷониби раиси гурўҳи корӣ мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дотсент Тиллохоҷаева Муҳаббат, перомуни масъалаи «Вазъи баргузор ва натиҷагирии триместри сессияи тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳ» аз ҷониби сардори маркази тестӣ дотсент Узоқова Гулнора ва роҷеъ ба «Мониторинги сифати таҳсилот аз фанҳои тахассусӣ дар факултетҳои равияи гуманитарӣ» аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Миршоев Абдушаҳид маърӯзаҳо ироа шуданд.

Зикр шуд, ки дар донишгоҳ аз руйи 42 ихтисос 11984 нафар донишҷў бо таълим фаро гирифта шуда, аз руйи зиёда аз 400 фанни таълимӣ тибқи феҳрасти фанҳои кафедраҳои донишгоҳ силлабусҳо омода шудаанд.

Таъкид гардид, ки ҳамасола дар оғози соли хониш барои ҳамаи фанҳои таълимии шуъбаи фосилавӣ бастаҳои таълимӣ бо фарогирии барномаи таълимӣ, силлабус, КТМ, маҷмўи супоришот барои машғулиятҳои амалӣ, КМРО ва КМД таҳия шуда, дар ҷаласаи кафедра, Шурои таълимӣ -методӣ ва Шурои олимони факултет баррасӣ ва тасдиқ мешавад.

Зимни назарсанҷӣ муайян гашт, ки дар системаи иттилоотии Донишгоҳ барои ҳамаи фанҳои пешбинишуда аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои факултетматни лексия, мавод оид ба равиши дарсҳои амалӣ ва КМРО, тестҳо ва саволномаҳои имтиҳони ниҳоӣ таҳия ва сари вақт ба ИСУ ворид шудаанд. Тибқи талабот мавзуъҳо дар алоҳидагӣ низ ба донишҷӯён пешниҳод мешаванд.

“Мониторинги сифати таълим дар асоси “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мунтазам аз ҳамаи фанҳои тадрисшавандаи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ ташкил гардида, ин навбат мутахассисони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар 42 гурӯҳи академӣ мониторинги сатҳу сифати таълимро аз фанҳои тахассусӣ ба роҳ монданд ва таҳлили муфассал мувофиқи ихтисос, курс ва фанни таълимӣ пешниҳод шуд”- зикр шуд дар доираи ҷаласа.

Масъалаҳои рўзнома аз ҷониби раиси Шўрои марказии таълимӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ