​Сулҳ аст мароми мо

Чандин сол аст, ки санаи 1 сентябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Яъне аввалиндарс – дарсисулҳ аства онро пешвоимиллати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита худашон медиҳанд. Маҳз дар ҳамин рўз муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвари мо ба миён гузошта мешаванд ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод мешавад. Ҷавонон ва омўзгорон аз ин дарс барои худ сабақ мегиранд ва онро чун дастуриасосии фаъолияти худбакормебаранд.Пас, маълум мешавад, кидарсиёсатикишваримо муҳимтарин рукни такявӣвакалидӣ маҳз ҳаминсулҳуваҳдат аст, зеро онасоси зиндагии осоиштаимардум мебошад.Пешвои муаззами миллат тимсоли сулҳу ваҳдат, асосгузори ин рукнҳои маънавӣ дар кишвари мо ҳастанд.

Ба сулҳу ваҳдат расидани миллат – бузургтарин дастовард аст, бинобарин санаи 27-июни соли 1997, рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчунҷашнибузургимиллӣ пазируфта шудааст. Ин ид бо заҳмату талошҳои фарзандони баору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Сулҳро адибон ба баҳор ташбеҳ додаанд, зеро баҳор рамзи зиндагист, тимсоли шукуфоӣ ва авҷу нусрат аст. Аммо ҷанг фоҷиаи бузургест, ки инсонро дар ҳолати фавқулъода қарор медиҳад ва мадори дилу сиришти ўро дар мизонимахсусебармекашад, аз рўиодамон ниқобҳоро бармеканадваэшонропешорўи имтиҳонисангинтанҳо батанҳо мегузорад. Ин аст, ки дар осори адибон ҳадаф аз интихоби чунин мавзўъ санҷиши ниҳоди инсон дар вазъияти ғайритабиӣ ва маҳкум кардани ҷанг чун офати фалокатборест, ки ногузир нақши хунине дар пай дорад.

Ҳадафи адибоне, ки ғояҳои мусбат ва пешбарандаро тарғиб мекунанд, ҳушдор додан ба оламиён аст, ки садди роҳи ҷанг бишаванд ва оташи манҳусионроҳаргизнаафрўзанд, кичундаргирифт,ҳаматарухушкро бисўзад. Ҳама навъи ҷанг, хоҳ миёни ақвоми башар бошаду хоҳ миёни шаҳрвандони як кишвар фоҷиаи бузургаст. Хусусан ҷанги бародаркушӣ камоли беақливу бенангӣ аст.Ин аст, ки ҳаким Фирдавсии бузург гуфта буд:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг

Наояд, агар бошадаш ному нанг.

Ин ҳикмати Фирдавсии бузург бояд мароми зиндагии мардуми мо бошад.Паёми адиб барои ҷаҳониён он аст, ки инсоният бояд алайҳи ҷанг талош кунад ва бақои сулҳро таъмин намояд.

Мо бояд сулҳу ваҳдат ва истиқлоли миллиро ҳифз кунем, зеро

Истиқлол монанди соғари булўриест, ки онро дар тоқи аз ҳама болои ҳушёрӣ ва эҳтиёт нигоҳ бояд дошт! Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи «Сулҳ маънии таърихии мост» менависад: «Муҳимтарин принсипи фарҳанги сулҳ барои мо, тоҷикистониён, иборат аз он аст,

ки ҳарчӣ бештар ба доираҳои васеи сулҳпарвари аҳолӣ такя намоем.Идомаи ин сиёсат принсипи бидуни зўроварӣ ҳал намудани ҳама мушкилот мебошад. Фақат ризоияте, ки аз хирад ва ҳадафҳои оқилонаи нерӯҳои гуногун бармеояд, сулҳи

пойдорро таъмин карда метавонад. Дар вақти ҳозира мо бо қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар масъалаҳои муҳимтарин муваффақ гардидем. Ин пеш аз ҳама роҳу равиши мамлакат дар бобати ташаккули давлати демократии дунявию ҳуқуқбунёд мебошад ва бидуни ин сулҳу субот дар Тоҷикистон имконнопазир аст».

Сулҳ ин оромиву осудагӣ, хотирҷамъии модарон, хушбахтии хонадон ва ободии Ватанамон мебошад. Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик аз ин неъмати бебаҳо баҳравар гардидааст. Дар баробари истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдату сулҳ ҷузъи ҷудонашавандаи пойдевори ҳастии давлату миллати мо мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Аз ин рӯ, мо бояд имрӯз ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии кишвари азизамон бирасем, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстиро мароми худ қарор диҳем ва тамоми кӯшишу талошҳои худро барои рушди мамлакати биҳиштосоямон равона намоем, нагузорем, ки гурўҳҳои ифротгаро ба равандисулҳ халал воридкунанд.

Матлубаи Мирзоюнус, профессори МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ