​Созишномаи ҳамкории донишгоҳ бо Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА)

Дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон - Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ доир гардид.

Дар тренинг 12 нафар омӯзгорони муассисаҳои мазкур иштирок намуда, ҷиҳати истифодаи услуби Нексус “Об – нерӯъ – ғизо - экосистема” дар барномаҳои таълимии ихтисосҳои гуногун машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузарониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббуси мазкур бо мақсади татбиқи бозиҳои зеҳнии интерфаъолӣ бо истифодаи услуби Нексус аз ҷониби ташкилоти USAID дар Осиёи Марказӣва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шуда, ба таъминоти эҳтиёҷоти аҳолии давлатҳои болооб ва поёноб бо захираҳои зарурӣ ва ҳифзи экосистемаҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нигаронида шуда буд.

Дар доираи ин иқдом байни раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он барои истифода дар машғулиятҳои таълимӣ нусхаи бозӣ бо услуби Нексус бо забони тоҷикӣ ба донишгоҳи мо тӯҳфа карда шуд.

Гуфта шуд, ки дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат Собиров Мурод ва ассистенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат Шарифхоҷаев соҳиби Сертификат барои татбиқи бозии мазкур шуданд ва дар оянда имконияти истифодаи ин таҷҳизот дар раванди таълими донишҷӯён имконпазир гардид.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар бинои таълимии факултети геоэкология ва туризм синфхонаи алоҳида барои татбиқ ва тарғиби бозии Нексус ташкил карда шуда, фаъолияти мунтазами он ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилооот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ