“Шоҳнома” ва шоҳномахонӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ ва таҳдидҳои беруна
Дар остонаи таҷлили 33-юмин соли таҷлили Истиқлоли миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми мубораки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ба мардуми кишвар манзур намуданд. Ин паём нахуст дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш садо дод ва баъдан дар номаи муборакбодӣ бахшида ба рӯзи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли миллӣ низ ба сурати зайл таъкид шуд: Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем. Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем.Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад. Чанд рӯз пештар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ»-ро эълон намудем”.
Дар сиёсати маънавибунёд ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби ғояҳои ватандӯстона, паёми ахлоқии Ҳаким Фирдавсӣ бо тамоми вусъату фарохнои хеш ҷойгоҳи хосаеро соҳиб аст ва мо ҳамагон дар хотир дорем, ки яке аз ин тадбирҳои муҳиме, ки дар аввалин рӯзҳои раҳнамои ба кишвари азизамон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аз сар гирифтанд, таҷлили ҷашни 1000 солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ буд, ки воқеан дар он айёми душвори сиёсӣ баҳри таҳкими оини ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон, болоравии худшиносии миллӣ ва ҳуввияти фарҳангӣ нақши носутурданӣ ва файзбахше гузошт. Нуктаи қобили таъкид аст, ки ҳарчанд эълони ҷашни 1000 солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба шумули яке аз аввалин иқдомоти фарҳансолоронаи Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сиёсӣ эълон гардид, вале ин ҷашнвораи бузурги миллӣ дар арафаи таҷлили се солагии Истиќлолияти давлатӣ, санаи 4 сентябри соли 1994 дар сатҳи баланд ва бо рӯҳияи олии хештаншиносӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон доир шуд. Агарчӣ он айёми мушкил нафароне ҳам буданд, ки дар чунин фазои душвори сиёсиву иќтисодӣ баргузор намудани чунин ҷашнвораҳо зарур намешумориданд ва ҳатто алайҳи чунин ташаббусҳо, ки гӯё ба нафъи иқтисодиёти миллии мо нестанд, баромад ҳам мекарданд, аммо сабақбардорӣ аз дарсҳои пурбаракоти таърихи миллат ва давлатдории куҳанро Пешвои миллат яке аз шеваҳои матлуби давлатдории миллӣ ва бунёди Тоҷикистони навин унвон намуда, дар суханронии хеш дар симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ баробари таъкид бар аҳамияти ин ҷашни бузург ба он гурўҳҳои мунтақид ва мухолиф бар ин ташаббусҳои созанда посухи ватанпарварона доданд, ки: “Озурдани ҷон ва ҳамроҳ бо он озурдани хираду андеша бадтарин гуноҳ ва шар аст. Мутаассифона ин ҳикмати ҳакими бузургро онҳое, ки имрўз худро мухолифи оштиноразири ҳукумати феълии Тољикистн меноманд, дарк карда натавонистанд ва кўшиш доранд, ки озодандеширо дар мағзи халқи худ нобуд сохта, мардумро кўр- кўрона дар кўчаи сарбаласти хурофот ба сўи роҳгумӣ бикашанд.
Барои Фирдавсӣ рехтани хуни бародарони ҳамхуну ҳамажоду ҳамзамбон гуноҳест азим ва ҷавонмардӣ ин нест, ки хуни бародари хеш бирезӣ ва миёни пайвандон тухми нифоқу қасос бикорӣ:
Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,
Наёяд, агар бошадат ному нанг.
Боз мегўям, ҳазор афсўс, ки мардуми тоҷик ба дасисаҳои аҳриманӣ гирифтор шуд ва дар ин ҷанги фоҷиабор панду андарз ва даъватҳои шўълавари шоири бузурги хешро аз ёд бурда, ба харобкориву хунрезӣ даст зад.
Акнун бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахешем. Бояд дар ин сарзамини абгору дардхўрда аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад.
Фардои дурахшон ва хушбахтиву некномии миллати мо танҳо аз ваҳдат, ягонаиву якзабонӣ ва мусолиҳаи миллӣ вобаста аст ва агар мо ин корро накунем, руҳу арвоҳи бузургонамон, бахусус руҳи Фирдавсӣ ҷовидон аз мо домангир хоҳад буд...
...Мо самимона тарафдори гуфтушуниди самарабахш, оташбаси доимӣ ва таъмини амнияти ҳамешагӣ бо ҳамватанони худ мебошем.
Ҳамон тавре ки Фирдавсии бузург фармудааст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Аз ин пас ба хира марезед хун,
Ки бахти ҷафопешагон шуд нагун”.
Чунин суханҳои нерӯбахш ва илҳомовари Пешвои миллат воқеан мардуми тоҷик, хоса ҷавононро дар атрофи ин ғояҳои созанда муттаҳид намуд. Сарвари тоҷикони ҷаҳон аз ин минбари бузурги шоҳномашиносӣ бар пояи ҳикмати ҷовидовани ҳаким Фирдавсӣ ба тамоми ҳамватанони ва ҳамзабонон изҳор доштанд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ асоси пешрафт ва тавфиқ дар роҳи расидан ба қуллаи мурод аст. Мутолеаи “Шоҳнома” ва маърифати андешаҳои Фирдавсӣ дар ҷодаи шараф бар ин неъматҳои бузург ёру ёвари миллат ва мардуми тоҷик дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ хоҳад буд.
Ҳамин тавр, ин рукни барҷастаи сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шеваву равишҳои мухталифи оянданигоронаву фардосозона ҳукми анъана пайдо намуду дар таҳаввули шуури маънавӣ, рўҳияи ватандўстӣ, пешгирӣ аз бархурди ғояиву мафкуравӣ ва ақидавии ҷомеа, боло бурдани худшиносии миллӣ, ташаккули оини ватандўстии ҷавонон, тарғиби некиву некукорӣ, ҷасорату матонат, ҷавонмардиву ҷаҳоншиносӣ нақши пурфайз гузошт.
Ба рамзист, ки бо гузашти си сол ва дар остонаи таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди ҷашни истиқлоли миллӣ ташаббуси шоён ва иқдоми наҷиби навбатии Пешвои миллат дар иртиботи ба ин ҳамосаи бузурги миллӣ- баргузории озмуни ҷумҳурии “Шоҳномахонӣ” дар партави тақдими китоби ҷовидонаи “Шоҳнома”-и безавол ба ҳар хонадони тоҷик эълом гардид, ки аз он мо паёмадҳои хуҷаставу фаррухфолро интизор хоҳем буд. Баъд аз тақдими “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров чун сарчашмаи худшиносии миллӣ иқдоми ҳадяи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, барҳақ паёми зиндагиафрӯз, ҷаҳонофарин, ҳуввиятсози Пешвои миллат бар мардуми тоҷик ва миллати соҳибтамаддуни мо гардид, ки барои фатҳи роҳе дигар дар мактаби худафрузиву хештаншиносии ҷомеа, сууди тафаккури миллӣ, роҳи пуршарафи ваҳдатофариву ҳамдилӣ ва иттиҳоди тамоми тоҷикони ҷаҳон нақши пурфайз хоҳад гузошт.
Мусаллам аст, ки “Шоҳнома”-и ҳакими донову тавоно Фирдавсии бузург ҳанӯз аз рӯзгори хеш то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи доираи васеи мардум ва мутолеаи қишрҳои ҷомеа қарор гирифт. Нақлу ривоёти фаровоне дар хотираи кутуби мухталиф ҳифз шудаанд, ки аз корномаҳои диловаронаи паҳлавонони ҳаммиҳану ҳаммилати мо дар масири таърих дар партави қироати абёти “Шоҳнома” ҳикоят мекунанд. Ҳатто боре Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳам бо он ки дар таърих бо ношинохтагии қадри заҳматҳои Фирдавсӣ ва ҳамосаи безаволи ӯ шуҳрат дорад, шоҳиди ҳол буда, ки мардуми фаровоне аз ҳамлашкаронаш бо қироати ашъоре ба набард мераванду пирӯз мешаванд. Вақте аз эшон мепурсад, ки ин чӣ шеърест, ки мехонед, ҳама баробар гуфтаанд, ки ин “Шоҳнома” аст, ки қиароати пораҳое аз он моро диловариву матонат, ҷасорат, ватандӯстӣ меомӯзад. Ва гӯё заминаи зуҳури ин байти машҳур ҳам ҳамин воқеа будааст:
Ҳар он кас ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ҳамин гуна, шоҳномахонӣ дар идомаи роҳи қиссапардозону ровиёни ахбори куҳан, гусони достонхон аз нахустин маҷолису мафоҳиле будааст, ки дар тарбияи тафаккури миллӣ, эҳсоси хештаншиносии мардум, рифъати руҳияи ватандӯстиву диловарӣ, ҷасорату малонат, оини некукорӣ, шинохти манзалати ҷону ҷаҳони инсонӣ ва дурӣ аз озурдани он тарбият нақш гузошта омадааст. Ба таъбири дигар, шоҳномахонӣ аз аввалин маҳфилҳои миллии ниёкони шарафманди мо буда, ки баъд аз он бо ҳузури мунаввари бузургони дигари адабиёти мо маҷолису чун “Маснавихонӣ”, “Бӯстон”-у “Гулистонхонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Бедилхонӣ” ва монанди ин зуҳур кардаанд. Яъне, “Шоҳномахонӣ” дар сароғози маҷмуаи ин мафоҳил қарор доштаанд, ки дар такмили тафаккури маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ, андешапарварии дирузу имрӯзи мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони олам асаре матлубу гузоштаву бо шарофати ташаббусҳои фардоафрӯзи Пешвои миллат имрӯзу фардову фардоҳои дигар низ хоҳад гузошт.
Шеваи дигари муассири шоҳномахонӣ дар адабу фарҳанги гузаштаи мо нигориши достонҳое фаровон дар истиқбол аз ин шоҳасари беназир ба хотири боло бурдани руҳияи ватандӯстӣ дар ҳар давру замони дигар ба шумор меравад. Шояд дар адабиёти гузаштаи мо бештар аз 100 достон дар ҷавоби “Шоҳнома” ба сурати “Гаршоспнома”, “Фаромарзнома”, “Ҷаҳонгирнома”, “Ҳумоюннома”, “Ғозоннома”, “Зафарнома”, “Бежаннома”, “Фирдавсинома”, “Рустамнома”, “Сомнома”, “Исфандиёрнома”, “Ховароннома” ва амсоли ин навишта шудаанд. Аксари ин роҳравони силки маснависароӣ, ки дар партави мутолеаҳои худ аз “Шоҳнома” ба истиқболи он достонҳое сурудаанд, худро ғуломи дили поки Фиравсии покмағзу нағзгӯй шуморидаанд, ки дар ин арса доди суханро додааст. Аз ҷумла, Ҳисомии Фирӯзободӣ фармуда:
Ба “Шаҳнома” Фирдавсии нағзгӯй,
Якояк бигуфтаст аз разми ӯй.
Ҳатто чандин достонҳои мазҳабии динӣ, ки дар бораи паёмбарон, бавежа Паёмбари акрам ва ёрони ӯ навиштанд, бар вазни “Шоҳнома” суруда шуда, муаллифони онҳо дар баёни сифоти қаҳрамонони хеш аз сутудаҳои Фирдавсӣ аз Рустами паҳлавон-қаҳрамони марказии ин ҳамосаи миллӣ истифода кардаанд. Тарҷумаҳои форсии достони қадимаи ҳиндувон- Рамаяна аз забони санскрит низ бо вазни “Шоҳнома” сурат гирифтаанд, ки яке аз онҳо ба қалами Шайх Саъдуллоҳ Масеҳи Понипотӣ тааллуқ доранд. Маснавии “Футуҳ-ус-салотин”-и Бадри Чочӣ, ки дар ситоиши корномаҳои ҳокими замони хеш – Ғиёсиддин Туғлуқ суруда шудааст, бо номи “Шоҳномаи Ҳинд” шуҳрат ёфтааст. Фузун бар ин, “Шоҳнома” ба ағлаби забонҳои олам чун ҳиндиву синдиву гуҷротӣ, урдуву банголӣ, арабиву инглисӣ, фаронсавиву русиву олмонӣ ва ғайра тарҷума шуд, ки ин ҳам далели маҳбубияту маъруфияти ин ҳамосаи безавол дар саросари олам аст. Бегумон ҳар ибтикоре аз ин қабил, яъне иқтиқбол аз “Шоҳнома” ва сурудани ҷавобияҳое то сиву анд ҳазор, тарҷумаву ташреҳ ҳама бар як омили муҳим такя мекунанд: Шоҳномахонӣ. Танҳо мутолеаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ имкон медиҳад, ки бо муҳаббату ихлосу иродат, ҳарорати баланди илҳом аз ҳар сатру байту достонҳои безаволи паҳлавонони он ҷавобияҳое суруда шавад. Танҳо мутолеаи “Шоҳнома” дар забони асл асаре бар вуҷуди он шоирони дигар ангехт, ки китобҳои куҳани ҷадди хешро аз забонҳои санскриту синдиву ҳиндиву арабӣ бо вазни ҳамосаи миллии мо дар забони форсӣ тарҷума кунанд. Ҳамзамон, шоҳномапажуҳони инглису фаронсавиву итолиёиву рус бо мутолеаи “Шоҳнома” дар забони форсӣ иқдом ба тарҷумаи он дар забонҳои хеш намуданд . Ҳатто Уилям Ҷонси англис, ки аз ҷумлаи аввалин мутарҷимони “Шоҳнома” ба ин забон дониста мешавад, дар баробари кори тарҷумонӣ мақолоте дар забонҳои лотиниву фаронсавӣ ва англисӣ роҷеъ ба ин шоҳасари бузург навишта, ҳатто худ эътироф кардааст, ки маҳз тавассути мутолеаи “Шоҳнома” андешаи пажуҳиш ва шинохти забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар ӯ пайдо шуда. Баробари ин, маҳз ангезаҳои шоҳномахонӣ буда, ки вай дар баробари маҷмуи ин корномаҳо бар мабнои достони “Рустам ва Суҳроб”-и Фирдавсӣ намоишномае дар қолиби суруд эҷод намуд, ки ҳарчанд 19 байт аз он боқӣ монда, вале аз шоҳкориҳои ҷовидонаи адабиёти инглис эътироф шудааст. Ҳамин Уилям Ҷонс буд, ки тарҷумаҳои нахустини ҳамосаи миллии мо-“Шоҳнома”-ро бо ҳамосаҳои “Илиада” ва “Одисея” ва худи Фирдавсиро бо Ҳомер баробар ва ҳатто бартар аз ӯ донистааст. Ин авлавияти мақоми маънавии Ҳакими Тусро Анри Моссе ҳам дар ҳамосасароии ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Муаллифи “Муъҷами Шоҳнома” - нахустин фарҳанги “Шоҳнома” Муҳаммадризо ибни Муҳаммад Алавии Тусӣ, маъруф ба “Шариф Дафтархони Одилӣ достони дастрасӣ ба яке аз нусхаҳои нодири ҳамосаи миллӣ ва сабаби таълифи асарашро чунин нақл мекунад, ки бегумон шоҳиде барои шарҳи достони шоҳномахонии мардум дар гузари замонаҳост: “Чун ба ҷониби Ироқ афтодам, ба шаҳри Исфаҳон расидам, дар кучаҳо ва мадрасаву бозорҳо чунонки шарти ғурабост, мегаштам, то ба мадрасаи “Тоҷиддин” расидам. Чун дар рафтам, ҷамоате дидам, нишаста ва дари китобхона боз ниҳода ва ҳар касе чизе менавишт.
Чун он ҷамъиятро дидам, пеш рафтам ва салом кардам ва нишастаму гуфтам:
“Дар ин хизона “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳаст. Соҳиби хизона гуфт. Ҳаст. Бархост ва муҷаллади аввал аз “Шоҳнома” ба ман дод. Гуфтам: Чанд муҷаллад аст. Гуфт: Чаҳор ҷилд аст ва ҳар ҷилде понздаҳ ҳазор байт. Чун боз кардам, хате дидам,ки сифати он боз натавон дод ва ҷадвалеву тазҳибе, ки беҳ аз он набошад. Гуфтам: Муҷаллади чорум бидеҳ, то бубинам, ки хати кист ва куҷо навиштаанд? Бархост ва ҷилди чаҳорум ба ман дод. Ба охири он нигоҳ кардам. Чунон намуд, ки беҳ аз ҳама навиштаанд ва хати марде маъруф дар Хуросон ба номи Малик Муваид навишта. Чун онро мехондам ва дар дил тааммул мекардам, ҳар байте, ки дар ӯ лафзи мушкиле буд, аз забони “дарсӣ ва паҳлавӣ” маънии он бархе дар зер навишта буд. Бо худ гуфтам, ки мисли ин нусха кас надида аст. Ва ин алфозро ҷамъ бояд кард, ки бисёр хонандагон ҳастанд, ки ин шеър мехонанд ва маънии ин алфоз намедонанд.
Гуфтам соҳиби хизонаро, ки маро бояд, ки ин абёт, ки мушкил аст, ихтиёр кунам. Гуфт: Муборак аст. “Коғаз ва давоту қалам аз мо, навиштан аз Шумо”.
Албатта, ин достон тулонист ва дар умум муаллиф сабаби иншои фарҳангномаи мазкурро ҳам дар ин муқаддима ташреҳ дода. Аммо нуктаи муҳиме, ки аз ин баёнот равшан мегардад, вуҷуди чунин китобхонаҳо дар масири таърихи миллати мост, ки он ҷо нусахи шаҳномаҳое чунин вазин бо фарогирии ҳамон шаст ҳазор байт ба шумор меояд, ки рӯзҳову соатҳо мардум нишаста дар баробари осори дигар онҳоро мехондаанд. Дар баробари ин фарҳанг бештар аз 10 фарҳанги дигар барои “Шоҳнома” навишта шуда, ки ҳамагӣ маҳсули чунин мутолеот аст ва ҳатто ин таъкиди муаллифи фарҳанг бар тавзеҳоти поварақи нусхаи мазкур, ки ҳоло роҷеъ ба он иттилое дигар дар ихтиёр надорем, шореҳи он аст, ки аз шумори нусхаҳои ҳамроҳ бо шуруҳи вожагони душвори шоҳасари безавол ҳам зиёд будаанд. Ба ибораи дигар, зуҳур ва эҷоди чунин фарҳангномаҳои бузург ҳам маҳсули чунин шоҳномахониҳост, ки ҳар яке дар маърифати ҷавҳари андешаи Фирдавсӣ ва ғояву ормонҳои ӯ муҳим ва муассиранд.
Маҷмуи ин нукоти шореҳи асари мутолеаи “Шоҳнома” бозгӯи ин андешаву матлаб аст, ки ҳузури ин асари беназир ва мутолеаи он аз ҳар роҳу равиш дар масири таърих на танҳо ҳамосаи миллии моро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид, балки ин китоби ҷовидон сабаби он ҳам гардид, ки аз файзи Фирдавсӣ ва каломи нотакрор ва мағзи андешаи ӯ ҳазорон нафари мақоми бонуфузе дар фарҳангу адабиёти олам ҳосил намуданд. Ба ибораи дигар, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва падидаи мубораки “шоҳномахонӣ” сабаб шуд, ки чеҳраҳои оламгире дар адабиёти ҷаҳон қадам гузоранд, ки Уилям Ҷеймс ва Ҷозеф Чемпиони англис, Жул Мули фаронсавӣ, Лозинский ва Дякови рус, Алӣ Афандии турк ва дигарон қадам гузоранд. Шоирони фаровоне дар адабиёти мо танҳо бо шарофати ба хоб дидани Ҳаким Фирдавсӣ ва иншои достонҳое ба номи қаҳрамонони “Шоҳнома”, эҷоди ташбеҳу истиорот, киноёту тамсил, тасвифу ва талмеҳоти шоирона дар партави мутолеаи ин ҳамосаи бузург исми хешро дар сафҳаҳои абадият рақам зананд.
Хониш ва донистани “Шоҳнома” воқеан саодати бузург аст ва чунин фаррухрӯзиҳои фаровонеро барои қишрҳои мухталифи ҷомеа дар масири таърих бахшидааст. Он чӣ гуфта омад, шарҳи бахши кӯчаке аз натиҷаи шоҳномахониҳост дар гузаштаҳои дур ва ин матолиб метавон садҳо асноду арқому далоили дигар афзуд, ки воқеан сабақомӯзу маърифатангез ҳастанд.
Эълони баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат марҳилаи наверо дар мутолеаи ин ҳамосаи бузург оғоз мебахшад. Ин амри муҳим ва ҳидояти самаровар аз ҳамаи мо тақозои онро дорад, ки дар раванди баргузории озмун масъулияти бештар эҳсос кунем, то дар ҳамаи зинаҳо озмун дар сатҳи баланд ва муассир ҷараён бигирад. Ба дигар таъбир, марҳила ба марҳила таъсири матлуби онро дар руҳу равони наслҳо ва хонандаҳои “Шоҳнома” бояд эҳсос кунем. Афзун бар ин, маҳфилҳои шоҳномахониро ба сурати доимӣ шуруъ аз кудакистонҳо то мактабу донишгоҳҳои олӣ, ҳатто коргоҳҳо вусъат бахшида, маҷолису нишастҳои илмиву адабиро дар маърифати ҳамосаи бузург, мағзи андешаву афкори Ҳаким Фирдавсӣ аз тариқи расонаҳо, шабакаву барномаҳои дигар равнақ диҳем. Ҳоло ин иқдом тариқи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Синамо”, “Тв Суғд” ба ҳар шаклу шева ҷараён дорад, афзудани чунин барномаҳо бо равишҳои мухталиф метавонад дар оммавигардонии шоҳномахонӣ муассир афтад. Мо, чун муридони Фирдавсии бузург ба қавли мухлисе аз ин “Шоҳнома”-и безавол, ки аз рӯи иродат ин суханро аз номи сарояндаи шоҳасари безаволи нақл кардааст ва аммо он моли Ҳакими доно намебошад, бояд нимае аз умри худро сарфи он бикунем, ки ҷаҳоне пур аз номи Рустам шавад:
Ки як нима аз умри худ кам кунам,
Ҷаҳоне пур аз номи Рустам кунад.
Рисолати “Шоҳномахонӣ” ҳам дар навбати аввал ҳамин аст, пур кардани ному пайкору ҷасорату ватандории Рустам дар кишвари азизи мо. Бовар дорем, ки чунин будасту хоҳад буд...
Дар умум, мо муваззаф ҳастем,ки дар ҳошияи баргузории озмун дар амри оммавигардонии маҳофили шоҳномахонӣ саҳмгузор бошем, зеро ҳамакнун “Шоҳномахонӣ” дигар танҳо сабқат барои ба даст овардани ҷоизаҳо нест, балки ҳадафи он дар арсаи зиндагонии воқеӣ ба зуҳур расонидани корномаҳои бузурги ватандӯстона, худшиносона, башоратоварӣ аз милоди рустаму исфандиёрҳо, суҳробу сиёвушҳо дар тамоми арсаҳост, то кишвари азизи мо боз ҳам то осмонҳои манзалати маънавӣ дар сууд бошаду ва рутбаи олии “Тоҷикистон ба пеш”-ро дар маҷмуи ҷодаҳо ба амал пайванд бахшад. Дар канори ин, маҳз маҳфилҳои шоҳномахонӣ метавонанд насли наврасро дар роҳи муқовимат бо ифротгароӣ ва таҳдидҳои беруна омода намояд, чун “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ асарест, ки аз ғояҳои ватандӯстона, тарғиби ормонҳои ахоқии инсонӣ саршор аст ва ин афкору андешаҳо паёми наҷоти инсоният аз ҳар падидаи номаттлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм аст.
Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ, профессор, директтри Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносиии
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров