​Соати тарбиявӣ: "Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа"

Омӯзгори калони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Қобилова бо донишҷӯёни гурӯҳи 208 дар мавзуи “Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа” соати тарбиявӣ доир намуд.

Донишҷӯён доир ба мавзуи дарс андешаҳои худро баён намуда, гуфтор ва бо истифода аз муаррифӣ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, саҳнаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки коррупсия зуҳуроти хатарнок аст, ки аз замонҳои қадим то имрӯз аз проблемаҳои асосии ҷомеа боқӣ мемонад.

Дар фарҷом дар мавзуи Ватан дар иҷрои донишҷӯён суруд манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ