​ШИРКАТИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАҲРИ ТОШКАНД

Аз санаи 20-ум то 23-юми октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари омӯзишӣ бо иштироки 38 нафар муаллимони забони англисии 27 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ Назира Шамсиддинова иштирок намуд.

Семинари мазкур дар доираи барномаи «Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» (Accelerating English Language Learning in Central Asia – AELLCA) баргузор гардида, ҳадафи асосии он таҳқиқ ва таҳкими барномаҳои таълимии миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз таҷриба ва усулҳои муосири байналмилалӣ унвон мешавад.

Барномаи омӯзишӣ таҳти роҳбарии мутахассисони Донишкадаи таълимии Дорвичи Бритониёи Кабир гузаронида шуда, ба муаллимон усулҳои нав ва инноватсионии таълим омӯзонида шуданд, ки он ба омӯзиш ва таҳияи барномаҳои таълимии муосир барои омодасозии муаллимони ояндаи забони англисӣ кӯмак мерасонад.

Гуфта мешавад, ки рушди малакаи омӯзгорӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами замони муосир мувофиқ бо стандартҳои Аврупо аз баррасии муҳимтарин мавзуъҳо дарсеминар ба ҳисоб рафта, дар ин замина, пешниҳоди таҳияи лоиҳаи махсус барои Тоҷикистон дар доираи барномаи AELLCA бо таъкид ба афзалиятҳои миллӣ ва эҳтиёҷоти маҳаллӣ пазируфта шуд.

Интизор меравад, ки иқдоми мазкур дар оянда марҳалаи наве дар рушди омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ