ШИНОСОӢ БО РАВАНДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ФАКУЛТЕТҲО
Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин аз факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ва математика боздид намуда, бо устодону кормандони ин факултетҳо мулоқоти пурсамар анҷом дод.


Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ шиносоӣ бо вазъи кунунии таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ, таҳкими базаи моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои фаъолияти устодону донишҷӯён унвон мешавад. Дар доираи боздид ба сифати таҷҳизоти лабораторияҳо, шароити синфхонаҳо, осорхона, китобхона ва дигар объектҳои таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид.
Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо декан, мудирони кафедраҳо ва устодон дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди факултетҳои Донишгоҳ суҳбати муфид ороста, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтарсозии равандҳои фаъолият масъулинро муваззаф намуд.
Зимни вохӯрӣ устодону кормандон низ таклифу пешниҳодҳои худро дар самти баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ, васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ иброз намуданд.
Ректори донишгоҳ ба аҳаммияти ҳамкории зич байни ҳайати омӯзгорӣ ва роҳбарият барои пешбурди вазифаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ таъкид карда, аз устодону кормандон даъват намуд, ки бо меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ барои рушди донишгоҳ ва тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми арзанда гузоранд.
Маврид ба таъкид аст, ки тибқи нақша мулоқоти мазкур то санаи 23 октябр дар 18 факултети Донишгоҳ давом мекунад.
Маркази иттилоот ва таҳлил