​Силсилаи дарсҳои кушод дар факултети биология ва химия

Дар факултети биология ва химия якчанд дарсҳои кушод баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар мавзуи "Зардпарвини вирусии намуди А" аз ҷониби ассистенти кафедраи кори тиббӣ-биологӣ Воҳидова Зулхумор, перомуни "Зертипи хелисерадорон. Синфи тортанакшаклон" бо иқдоми дотсенти кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот Раҷабова Зулфинисо ва аз тарафи муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он доир ба мавзуи "s-элементҳои гурӯҳи I" дарси кушод доир шуд.

Дарси кушод бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ҷараён гирифта, дар доираи он аз ҷониби омӯзгорон воситаҳои муосири техникӣ самаранок истифода шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ