​Семинари илмӣ

Семинари илмӣ дар факултети биология ва химия баргузор гардид. Он бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо ташаббуси кафедраи биология ва методикаи таълими он доир шуд.

Дар чорабинӣ мудири кафедраи агробизнеси ДДҲБСТ, дотсент Хӯҷаназарова Махфуза бо маърӯзаи худ дар мавзуи "Парвариши меваҳои ситрусӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти иқтисодии он" ва дотсенти кафедраи биология Сабуров Бахтиёр дар мавзуи "Мавқеи тухмипарварии картошка ва проблемаҳои он дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ" баромад карданд.

Ҳадафи семинар баланд бардоштани дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён, инчунин ташвиқ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ