​Семинари илмӣ-назариявӣ: “Масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир”

Дар доираи ҳафтаи илм дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир” семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Семинари мазкур бо иштироки садорати факултети филологияи тоҷик ва ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ аҳамияти бузург дошта, фазои муносибро барои мубодилаи афкор, таҳлили натиҷаҳои тадқиқот ва рушди малакаҳои илмӣ фароҳам овард.

Гуфта шуд, ки семинари илмӣ-назариявӣ имкон медиҳад, ки олимони ҷавон бо таҷрибаи олимони соҳибтаҷриба шинос шуда, аз усулҳои муосири тадқиқот, технологияҳои нав ва тамоюлҳои навини илми журналистика бархурдор гарданд. Дар баробари ин, дар семинар кадрҳои ҷавон имконият пайдо мекунанд, ки натиҷаҳои тадқиқоти худро муаррифӣ кунанд ва фикру мулоҳизаҳои дигаронро шунаванд, малакаҳои таҳлилӣ ва интиқодии худро инкишоф диҳанд. Ин ҳавасмандгардонӣ барои идомаи тадқиқот ва расидан ба дастовардҳои нав муҳим унвон шуд.

Дар идомаи семинар унвонҷӯи кафедра Мавлонова Муаттара дар мавзуи “Махсусиятҳои мундариҷавӣ ва жанрии гӯшаи “Анбӯр”-и “Ҳақиқати Суғд” ва Саидхоҷаева Маликахон доир ба “Тавъамнамоии равишҳои анъанавӣ ва муосир дар забономӯзии донишҷӯёни самти журналистика ва медикоммуникатсия” маъруза намуданд.

Устодони кафедра Сатторова Замира, Самадова Дилбар, Ҷамолов Илҳом, Карими Шариф, Қоситова Ӯғулой, Осим Носиров ва муовини декан оид ба илм ва инноватсия Раҳимова Наргис ба музокира баромада, фикру андешаҳои хешро перомуни маърузаҳои ироашуда баён доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ