Семинар – машварат: “Аз таҷрибаи таҳияи мақола, маърӯза ва рисолаҳои илмӣ”

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ ва кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ таҳти унвони “Аз таҷрибаи таҳияи мақола, маърӯза ва рисолаҳои илмӣ” ва омӯзиши дастури рӯйимизӣ “Асосҳои имло ва ҳуҷҷатнигорӣ” семинар-машварат доир гардид.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ваҳобов дар мавзуи “Аз таҷрибаи таҳияи мақола, маърӯза ва рисолаҳои илмӣ” маърӯза намуда, оид ба тарзи таълифи реферат, маъруза, мақола, кори курсӣ ва рисолаҳои илмӣ маълумот дод.
Ҳамзамон, усулҳои навишти тақриз ба корҳои илмию тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дотсент Атаева оид ба “Асосҳои имло ва ҳуҷҷатнигорӣ” ибрози назар намуда, дар мавриди муҳтавои дастур маълумот дод. Гуфта шуд, ки дастури мазкур бо мақсади ёрӣ ба коргузорон дар беҳдошти сифати ҳуҷҷатнигорӣ таҳия гардида, дар он масъалаҳои имлои забони адабии тоҷик, шаклу мазмун ва сабку усули ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузории серистеъмол, ки дар донишгоҳ роиҷанд, ба тариқи намуна оварда шудаанд.
Дар фарҷоми семинар суолу ҷавоб сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил