Саводнокии ҳуқуқӣ воситаи асосии пешгирии ангезаҳои экстремистӣ
Дар баробари бакамолрасии кӯдакон ногузир ҳар як инсон бо мушкилоти тарбияи ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқии фарзандони худ рӯ ба рӯ мешавад. Новобаста аз нақши мо дар раванди тарбия-мураббӣ, роҳнамо, муҳаққиқ ё волидайн – аксарияти мо ба сарнавишти фарзанди худ хеле масъулем.
Тарбияи ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқӣ инҳо унсурҳои алоҳидаи тамоми раванди таълим мебошанд. Аксар вақт аксари муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки ин ду мафҳум ҳамчун унсурҳои як кулл иваз карда мешаванд.
Мо чунин мешуморем, ки таълими ҳуқуқӣ натиҷаи тарбияи ҳуқуқӣ мебошад, яъне амали мақсадноки тарбияи ҳуқуқӣ ғанӣ гардонидани дониш дар бораи ҳуқуқ – тарбия ва таълимро дар назар дорад.
Вазифаи асосии пешгирии рафтори девиантӣ ва пешгирии ангезаҳои экстремистӣ пешгирӣ аз қадами беандеша, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ба ин васила бекор кардани фаъолияти ҷиноятии ноболиғон мебошад.
Методикаи кори ҳуқуқии тарбиявиро маҷмӯи равиш ва усулҳое ташкил медиҳанд, ки вазифаи онҳо таъсири мақсаднок ба инсон аст, ташкил менамояд ва ин пеш аз ҳама ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ аҳамиятнок мегардад.
Донишҳои бадастоварда ба насли наврас имкон медиҳад, ки:
-воқеиятро худ қабул намояд, дуруст дарк кардани ҷомеаро омӯзад;
- натиҷаи қарорҳоро пешгӯӣ намояд ва хатогиҳои эҳтимолиро пешгирӣ кунад;
- баҳодиҳии муносиб ва солимфикронаи ҳодиса, вазъиятро доро гардад;
- мувофиқи ахлоқи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ амал намояд.
Дар шароити кунунии зиндагӣ шахсе, ки дониши ҳуқуқӣ надорад, аксар вақт ба ҳолатҳои гуногун дучор мешавад ва дар ин ҳолат мушовири ӯ метавонад дониши ҳуқуқиаш бошад.
Таълими ҳуқуқӣ, ки маҷмӯи равандҳои таълим ва тарбия мебошад, ба баланд бардоштани сатҳи дониш дар бораи ҳуқуқ мусоидат мекунад, шахсро на танҳо бо маҷмӯи муайяни мафҳумҳои ҳуқуқӣ мусаллаҳ мекунад, балки ба шахс дар такмили ахлоқӣ кӯмак мекунад. Дар натиҷаи ҷузъҳои ҳамдигарро пурракунанда таҳсилоти ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ фарҳанги ҳуқуқии инсон ташаккул меёбад.
Тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ бояд ба системаи фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои давлатӣ дохил карда шавад ва лозим ба таъкидаст, ки мақомоти масъул бояд ба фароҳам овардани шароити ташаккул ва рушди фарҳанги ҳуқуқии шахс диққати махсус диҳанд.
Барои таҳияи минбаъдаи барномаҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии каҷравии ҷавонон таҳлили бодиққат ва дақиқи падидаҳои ксенофобия ва экстремизмро дар муҳити ҷавонон талаб мекунад.
Шавқу ҳавас ба рӯҳияи экстремистии ҷавон ва баръакс ҷалби экстремизм ба муҳити ҷавонон, дар айни замон, на танҳо ба ояндаи кишвари мо, балки ба тамоми ҷомеаи мутамаддин таҳдиди ҷиддӣ аст.
Насли наврас наслест, ки масъулияти амнияти миллӣ ва суботи рушди ҷомеаро ба дӯш мегирад. Ҷавонон на танҳо қобилияти зуд вокуниш нишон додан ва ба ангезаҳои беруна мутобиқ шуданро доранд, балки метавонанд ба онҳо таъсир расонанд.
Бо тардид таъкид мекунем, ки таҳлили зуҳуроти экстремистӣ дар байни ҷавонон таҳдиди ошкоро ба амнияти кишвар аст.
Рушди экстремизми ҷавонон ин шаҳодати мутобиқати нокифояи иҷтимоии ҷавонон, рушди муносибатҳои ғайриҷамъиятии он мебошад, ки онҳо дар ташаккули намунаҳои ғайриқонунии рафтор роҳнамои асосӣ мешаванд.
Аз ин рӯ, кори пешгирикунанда оид ба пешгирии рушди бегонапарастӣ ва дар натиҷа содир кардани ҷиноятҳои нафратасос ҷузъи асосии барномаи пешгирии экстремизм мебошад. Дар низоми чораҳои пешгирикунанда бояд ба тарбияи ватандӯстӣ аҳамияти муҳим дода шавад.
Гузаронидани мунтазами озмунҳо, мусобиқаҳо, викторинаҳо дар мавзӯи мушаххаси барномаи омӯзиши ҳуқуқба омӯзиши амиқ ва фоизи баланди азхудкунии мавод аз ҷониби хонандагон мусоидат мекунад.
Донистани ҳуқуқ, таълими ҳуқуқӣ ба шахс кӯмак мекунад, ки:
-шаҳрванди қонуншиноси кишвари худ шавад;
- шахси масъул ва боваринок гардад;
-ватандӯсти кишвари худ бошад;
- одату рафторро мувофиқи ҳуқуқ инкишоф диҳад;
- ташаккули иммунитети ҳуқуқии равонӣ ба амалҳои ғайриқонунӣ амалӣ карда шавад.
Хулоса, танҳо фаъолияти муштарак, талошҳо, ташкили шароити ваҳдати миллӣ ва ризоият дар заминаи таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созишгорӣ, барҳам додани бесаводии ҳуқуқӣ, бешубҳа метавонад монеаи рушд ва густариши ифротгароӣ ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар байни насли наврас гардад.
Ҳакимова Шоира, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров