Саодат ва асолати миллат

Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳову суҳбатҳои хеш ҳамеша таъкид менамоянд, ки: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаипойдориву бақои давлат мебошад»
Воқеан, халқи мо маҳз бо шарофати ин рўйдоди бузурги таърихӣ соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Имрўз мардуми шарафманди халқи тоҷик дар тўли таърихи начандон тўлонии даврони истиқлолият аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд.
Миллати сарбаланди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ содиқона заҳмат кашида, дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолиятиштироки фаъолона доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар натиæаи ваҳдати миллӣ то имрўз Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 193 кишвари олам шинохта, зиёда аз 160 кишвар бо Тоҷикистонмуносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорад. Зиёда аз 50 давлат сафирони муқим ва ѓайримуқими худро ба Тоҷикистон таъйин намуданд. Тоҷикистон узви бешаз 80 созмони байналхалқиву минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул шудани резолютсияи «Соли 2000- Соли Сулҳ», «Соли 2003 – Соли байналхалқии оби тоза», «Об барои ҳаёт солҳои 2005 – 2015», «Соли 2012- Соли байналхалқии дипломатияи об», «2018-2028- Об барои рушди устувор» аз нуфузу эътибори Тоҷиҷкистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.
Боло рафтани нуфузу эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайваста бо ҷоизаҳову мукофоти олии кишварҳои гуногун қадрдонӣ шуданиҶаноби Олӣ далели равшани эътирофи мавқеи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Ба андешаи мо,сабаби асосии ин пешравиҳонатиæаи заҳмати шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат аст. Маҳз, бо раҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат, аз æумла, кишоварзону коргарон, мутахассисонумуҳандисон, омӯзгорону зиёиён, æомеаи шаҳрвандӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гашта, чун кишвар рӯ ба рушд шинохта шуда истодааст. Ин дастовардҳои мо бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣваҳиссибаланди Пешвои муаззами миллат ва шаҳрвандониТоæикистонимуқаддасумаҳбуб дарак медиҳад.
Сурайё Ҳакимова, дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ