​САНҶИШИ САТҲИ САВОДИ ИМЛОИИ ДОНИШҶӮЁН

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, 13 феврали соли 2026 дар факултети математикаи Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ аз донишҷӯёни 28 гурӯҳи академӣ диктанти назоратӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии иқдоми мазкур санҷиши сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани саводи имлоӣ ва таҳкими малакаҳои хаттии онҳо арзёбӣ шуд. Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо барои мустаҳкам намудани дониши грамматикӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва рушди малакаи шунидану дуруст дарк намудани матн мусоидат менамоянд.

Дар анҷом зикр шуд, ки диктант на танҳо як шакли анъанавии санҷиши дониш, балки воситаи самараноки омӯзиш буда, дар таҳкими малакаҳои забондонӣ ва боло бурдани масъулиятшиносии донишҷӯён нақши муҳим мебозад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ