​Санҷиши омодагии факултетҳо барои соли таҳсили нав

Масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот вазъи омодагии як қатор факултетҳои донишгоҳро барои соли нави таҳсили 2022-2023 санҷиш намуданд. Ин ташаббус бо дастури ректори донишгоҳ ба роҳ монда шуда, феълан факултетҳои биология – химия, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, физика ва техника мавриди тафтиш қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин иқдом мавҷуд будани бастаи маводи таълимӣ - методӣ, силлабусҳо, комплексҳои таълимӣ - методӣ, муаррифии фаннӣ, нақшаи дарсҳои амалӣ, КМРО, КМД ва дастурамал санҷида шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба омӯзгорон маслиҳатҳо дода шуд.

Мутахассисони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба машғулияти 19 нафар омӯзгорони факултетҳои болозикр ширкат карда, бо донишҷӯён дар мавриди шароити таҳсил, таъмин будани онҳо бо маводҳои таълимӣ – методӣ,сатҳу сифати донишандӯзӣ ва супоришҳои корҳои мустақилона сӯҳбат намуданд.

Зимни санҷиш маълум гардид, ки омӯзгорон дар ҷараёни машғулиятҳо аз воситаҳои техникии таълим босамар истифода доранд.

Ҳамзамон, пешниҳодҳои донишҷӯён аз ҷониби масъулин шунида шуд.

Гуфта мешавад, ки ин ташаббус идома дошта, дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ