Салоҳиятнокӣ ва инноватсия дар дарсҳои кушоди омӯзгорон

Нимаи аввали моҳи декабр дар донишгоҳ бо ташаббуси омӯзгорони соҳибтаҷриба силсилаи дарсҳои кушод ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дотсенти кафедраи электроника Юсупов Зарифҷон, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Раҳимов Ҷамшед, муаллими калони кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо Саидзода Мушарраф ва дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ Домуллоҷонов Аҳмадҷон бо усулҳои муосир ва равиши инноватсионӣ дарси кушод гузарониданд.
Бино ба маълумоти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дарсҳои кушод бо истифодаи методҳои фаъоли таълим, аз қабили бозиҳои мантиқӣ, мусобиқаву ангезиши зеҳнӣ ва технологияҳои муосири омӯзишӣ дар сатҳи баланд баргузор шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар ин давра дарси кушоди муаллимони калони кафедраҳои гуногун, аз ҷумла Ашӯрова Нилуфар, Ишонова Сабрина, Бегматова Саодат ва доктори фалсафаи PhD Саидғанизода Саидсултонхон низ ба роҳ монда шуд.
Баргузории чунин дарсҳо, ки усулҳои навоварона ва муносибати босалоҳиятро дарбар мегиранд, як ҷузъи муҳими низоми таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Инноватсия дар таълим ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҷараёни таҳсил муҳимтарин василаҳои таъмини рушди касбӣ ва илмии насли ҷавон унвон мешавад. Зеро дарсҳои кушод на танҳо ҳамчун як шакли нишондиҳандаи фаъолияти касбӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими таъмини сифат ва самаранокии раванди таълим ба ҳисоб меравад.
Маркази иттилоот ва таҳлил