САФИ УСТОДОНИ СОҲИБУНВОН ДАР ДОНИШГОҲ АФЗОИШ МЕЁБАД
Дар Шурои диссертатсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳимояҳои рисолаи илмии ду нафар устодони донишгоҳ доир шуд.
Дар Шурои диссертатсионии 73.1.017.01-и назди Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Абдуллоева Нигора Исломовна дар мавзуи «История освоения Голодной степи Ходжентского уезда во второй половине XIX – начале XX века» баргузор шуд. Кори илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 5.6.1 – Таърихи Ватан таҳия гардида, таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло Убайдуллоев барои дифоъ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-037-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳимояи диссертатсияи Шукурова Зайнура Турсуновна дар мавзуи «Поэтика ва масъалаҳои матншиносии ғазалиёти Калими Кошонӣ» баргузор гардид.
Ин пажӯҳиши илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021400 – Адабиётшиносӣ (6D021401 – Назарияи адабиёт, Матншиносӣ, Нусхашиносӣ) таҳия шуда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод анҷом ёфтааст.
Маврид ба таъкид аст, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» дар доираи «Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати вусъати корҳои илмӣ ва афзоиши теъдоди устодони соҳибунвон мунтазам ташаббусҳои судманд амалӣ мегардад.
Ҳимояҳои диссертатсия марҳалаи муҳим дар татбиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Донишгоҳ ба шумор рафта, барои густариши донишу таҷриба дар соҳаи илм, ворид намудани ғояҳои нав ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеаи илмӣ аҳаммияти махсус дорад.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ омӯзгоронро ба ҳимояи бомуваффақияти кори илмӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодии онҳо барору комёбиҳои нав таманно дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил