​Сада –ҷашни суннатии миллати тоҷик

Дар факултети геоэкология ва туризм бахшида ба Иди Сада мизи мудаввар баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии устодони факултет дар толори факултет ба маърази тамошо гузошта шуд. Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр дар ин чорабинӣ иштирок намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии устодони факултет дидан намуд.

Чорабиниро декани факултет, дотсент Абдухолиқзода Музаффар бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ҷашни Сада андешаҳои худро баён намуд.

Дар идома муовини ректор оид ба тарбия, Маҳмудзода Бахтиёр суханронӣ намуда, нақши ин ҷашни бостонӣ дар эҳёи суннатҳои миллиро таъкид кард.

“Таҷлили ҷашнҳои миллии Тоҷикистон як фарсахи муҳим барои таҳкими ягонагӣ ва тавонмандии ҷомеа аст, ки он на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки роҳи тарбия ва тарғиби арзишҳои фарҳангии амиқи мардуми тоҷик мебошад. Сада як ҷашни қадимии миллӣ ва фарҳангии тоҷикон аст, ки ба эҳёи суннатҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси миллият, аҷдодӣ ва ҳувият дар байни халқ мусоидат мекунад. Ин ҷашн на танҳо рамзи шодӣ ва муҳаббат ба табиат, балки рамзи якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ миёни аъзоёни ҷомеа мебошад” – афзуд Маҳмудзода Бахтиёр.

Бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “Сада – яке аз ҷашнҳои суннатии миллати тоҷик” мудири кафедраи географияи табиӣ Абдураҳимова Мавзуна, дар мавзуи “Оташи ҷашни Сада – оташи меҳри Ватан аст” мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография Ғуфронов Дадохон, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат Собиров Мурод, роҳбари Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ доир ба арзиши ин ҷашни миллӣ ва нақши он дар ҳифзи суннатҳои қадимаи тоҷикон суханронӣ намуда, Садаро яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик дониста, арзиши фарҳангӣ ва миллӣ онро шарҳ дод.

Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, иштирокчиён дар бораи анъанаҳои ниёгон ва аҳамияти Сада барои ҷомеаи имрӯз баҳсу баррасиҳои судманд анҷом доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ