​Рӯзи мутолиаи асарҳои Пешвои миллат

Ба муносибати “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар доираи ҳафтаи илм дар факултети таърих ва ҳуқуқ “Рӯзи мутолиаи асарҳои Пешвои миллат” доир гардид. Ташаббуси мазкур аз ҷониби кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ ба роҳ монда шуд.

Мудири кафедра дотсент Ҳошимова зимни суханронӣ таъкид дошт, ки асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” (дар чор китоб), “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо”, “Забони миллат - ҳастии миллат” (дар ду китоб) “Чеҳраҳои мондагор” ва “Уфуқҳои истиқлол” дар самти тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи миллӣ, пос доштани суннату ойини ниёгон ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни аҷдодон аҳаммияти муҳим дорад.

Дотсенти кафедра Раҳматова дар мавриди китоби “Ҷеҳраҳои мондагор” ва нақши он дар баланд бардоштани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин дар шинохт ва муаррифии шахсияти маъруфи халқи тоҷик таъкид намуд.

Ҳамзамон, устодони кафедра дар бораи мақом ва нақши асарҳои Пешвои миллат, аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо”, “Забони миллат - ҳастии миллат” ва “Уфуқҳои истиқлол” дар низоми таълиму тадриси роҳҳои истифодабарии онҳо ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ