​Рушди саноати кӯҳӣ дар даврони истиқлол

“Омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани бойигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Бойигариҳои зеризаминӣ худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд ва истихроҷу коркарди онҳо ҷустуҷӯву заҳмати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тулониро тақозо мекунад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва ба низоми бозаргонӣ гузаштан фазои иғтисодию иҷтимоии Тоҷикистон куллан тағйир ёфт. Алоғаҳои устувори иғтисодӣ бо ҷумҳуриҳои дигар коста гардид. Кашмакашиҳои дохилии солҳои навадуми асри гузашта ҳам ба иғтисодиёти кишвар зарбаи сахт расонид. Даҳсолаи аввали истиғлолият барои бартараф намудани муноғишаҳои дохилӣ сарф гардид. Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, рушди устувори мамлакат марҳила ба марҳила оғоз гардид. Вале саноатикунонии Тоҷикистон бе заминаи мусоиди иғтисодию иҷтимоӣ ғайриимкон буд. Аз ин рў, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи таҳлилҳо, имконияту шароитҳои воғеъии кишвар се ҳадафи стратегии рушди хоҷагии халғро пешаи худ намуд:

1) баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ; 2) ба даст даровардани истиғлолияти энергетикӣ; 3) таъмини амнияти озуғаворӣ. Ин се ҳадаф ба иҷро расонида шуданд ва шароити мусоид барои ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати кишвар фаро расид, ки давоми мантиғии се ҳадафи ғаблии стратегӣ мебошад.

Дар Паёми навбати (аз 28 декабри соли 2023) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “...ба Ҳукумати мамлакат ва Саридораи геология супориш дода мешавад, ки фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ба барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд”. Дар ҳақиқат талаботи дохилӣ нисбати истеҳсол ва масолеҳи саноати кӯҳӣ бештар ба назар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% - и қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳад, масъалаҳои рушди минбаъдаи иктишофӣ геологӣ ва истифодаи маъданҳои минералӣ ҳамчун масъалаи муҳим барои рушди устувори иқтисодиёт ва истиқлоли иқтисодӣ боқӣ мемонад ва давоми солҳои Истиқлолият дар соҳаи саноати кӯҳӣ – маъдан истеҳсокунӣ пешравии назаррас ба амл омад.

Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар суханронии худ дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Руссия дар таърихи 21.11.2023 қайд карданд: “Дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф карда шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд дорад, мебошад.”

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатест, ки дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок буда, дар қаъри кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи он сарватҳои нодири табиӣ хеле зиёданд. Тибқи маълумоти омории солҳои охир, дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 800 кони канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рӯҳ, сурма, симоб, мис, қалъагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.

Дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд, сол ба сол ҳиссаи саноати кӯҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти истеҳсолшудаи саноатӣ муассир мегардад, ки беваҷҳ нест. Ин раванд солҳои баъдӣ низ бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ, воридсозии хатҳои нави технологӣ вусъати тоза пайдо мекунад. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, рушди саноати кӯҳӣ, бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ, бояд солҳои наздик таконбахши воқеии иқтисодиёти кишвар шавад. Дар вилояти Суғд дар ин самт қадамҳои ҷиддӣ мегузоранд.

Дар шаҳру навоҳии вилоят марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояву мутахассисони хориҷӣ Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка”, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ КМ “Зарафшон”, артели заршӯии “Одина”, ҶДММ “Ганҷ” ва чанде дигар ба фаъолият оғоз бахшиданд.

Бино ба таҳлили амиқи коршиносону мутахассисони ватанӣ, пешрафти бемайлону равнақи воқеии иқтисодиёти мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба рушду нумӯи соҳаи геология, истихроҷу коркарди маъдан ва истифодаи оқилонаву самараноки канданиҳои зеризаминии ҷумҳурӣ вобаста мебошад. Яъне, дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки 93 дарсади онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бино ба иттилои расмӣ, дар онҳо ганҷҳои бузурге нуҳуфтаанд, ки барои ободии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум бояд истихроҷ ва коркард шаванд. Аз ин ҷост, ки дар сиёсати иқтисодии кишвар аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи геология чун маҳаки асосии рушд ба ҳисоб меравад.

Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон воқеъ буда, имрӯз аз ҷумлаи аввалин коргоҳҳоест, ки самари сирф даврони соҳибистиқлолӣ оид ба коркарди маъдани кӯҳӣ бо ширкати хориҷӣ маҳсуб меёбад. Корхонаи мазкур бо маҳсулоти тайёри худ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ғанигардонии буҷет саҳми муносиб мегузорад.

Истифодаи металлҳои нодиру камёфт сол то сол меафзояд, аз ин рў, миғдори конҳои фоидаовари истихроҷшаванда дар шароити иғтисодиёти нави бозаргонӣ низ кам шуда истодааст, ки, пеш аз ҳама, аз мунтазам мушкилшавии шароитҳои геологӣ-иғтисодии истихроҷ, масрафи калони ғувваи барғу мавод, боркашонӣ, ғувваи корӣ ва ғайра вобаста мебошад. Ин ҳолат боз як бори дигар зарурияти каммасрафи истифодабарии металлҳои нодиру камёфти таркиби ангиштсангро исбот менамояд. Гирифтани металлҳои нодиру камёфт аз ангиштсанг ва маҳсули сухти он – хокистар, нисбат ба конҳои маъданӣ аз нуктаи назари иғтисодӣ каммасрафтару фоидаовартар буда, онро дар корхонаҳои саноатӣ ба роҳ мондан муҳим аст.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва аз ҷумла инкишофи саноати кӯҳӣ дар вилоят имконият ва шароити мусоид фароҳам овард. . Умед ҳаст, инкишофи саноати кӯҳӣ ва масолаҳи он ҷумҳуриро таъмин намуда, ба дигар давлатҳо содирот карда шавад.

Абдураҳимов Садриддин, доктори илмҳои геология ва минералогия,

профессори кафедраи географияи табиӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ